Бахшҳо

Шӯрои уламо филми “Муллои замонавӣ”-ро ҳам гуноҳ ва ҳам дарси ибрат хонд (ВИДЕО)

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон филми туркии “Муллои замонавӣ” ё "Ҳидоят"-ро аз як тараф гуноҳ ва аз тарафи дигар дарси ибрат барои онҳое хондааст, ки дар симои ҳар ҷелакпӯш муллоро мебинанд.

Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки худро Беҳрӯз муаррифӣ намудааст, суол кардааст, ки оё тамошои филми туркии “Муллои замонавӣ” ё “Ҳидоят”, ки дар он намоз ва дигар масоили Ислом ба тариқи масхара анҷом дода мешаванд, дуруст аст?

Дар посух масъулини Шӯрои уламо, ки зоҳиран ин филмро тамошо кардаанд, изҳор доштаанд: “Албатта бараҳна будани занҳо дар ин филм барои тамошобин боиси гуноҳ аст ва инчунин ба намоз ва дигар аъмоли динӣ масхара кардан гуноҳи нобахшиданист. Набояд мусулмон чунин амал кунад ва назар кардан ба ин гуна амалҳо низ гуноҳ аст”.

Шӯрои уламо дар баробари таъкид ба аъмоли гуноҳ дар ин филм, афзудааст, ки “аммо аз як нигоҳ барои онҳое, ки ҳар ҷелакпӯшро мулло медонанд, бояд аз ин ибрат гиранд ва аҳли динашонро бишносанд, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо низ чунин муллоҳо вуҷуд доранд”.

Дар филми “Муллои замонавӣ”, ки ба забони тоҷикӣ баргардон шудаасту дар Тоҷикистон тамошобинони зиёд пайдо намудааст, як ҷинояткори фирорӣ, ки аз умури дин ҳеч огоҳӣ надорад, бо пӯшидани либоси руҳонӣ ҳамчун имомхатиб қабул мешаваду ҳамчун мулло ба мардум маслиҳатҳо медиҳаду ҳидоят мекунад.


Қисми аввали филми "Муллои замонавӣ":

Мӯҳр
Кинои оличаноб мебошад. Баръакс ин нишон медихад, ки шахсе аз ислом дур аст барои халосии амниятии худ худро муло метарошад, уро ин мансаб охиста охиста дигар карда ба тарафи мусбат мебарад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)