Бахшҳо

Боздошти шавҳари Мафтуна, ки худ ва кӯдаки 3-моҳаашро ба дарё андохт

Мақомоти умури дохилӣ Оятулло Ҷӯраев, сокини 28-солаи ноҳияи Файзобод, шавҳари Мафтуна Раҳимоваи 20-соларо, ки 2 апрел худро бо кӯдакаш ба дарё андохт, боздошт ва бозпурсӣ кардаанд.

Боздошту бозпурсии Оятулло Ҷӯраев дар пайи шикояти наздикони Мафтуна Раҳимова сурат гирифтааст, ки ӯро дар латукӯб ва ба худкушӣ расондани ҳамсараш муттаҳам мекунанд. Ҳарамбибӣ Раҷабова, модаркалони Мафтуна, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, наберааш пайваста аз хушдоман, хоҳари шавҳар ва шавҳараш шикоят мекард, ки бо ҳар баҳона ӯро латукӯб мекардаанд. Модаркалон гуфт, Мафтуна дар тарбияи ӯ калон шуда, писарчааш на 6-моҳа, балки 3-моҳа буд.

Модари Мафтуна бо тасдиқи гапҳои модаркалон изҳор дошт, ки “ҳар боре бо ӯ суҳбат мекардем, аз шиканҷа шикоят мекард. Дар ҷасадаш низ осори латукӯб аён буд”. Наздикони Мафтуна Раҳимова хонаводаи шавҳарашро дар худкушии ӯ гунаҳкор карда, муҷозоти онҳоро талаб доранд.

Аммо хонаводаи Оятулло Ҷӯраев ба мақомот изҳор доштаанд, ки марҳум бемории руҳӣ доштааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 2 апрел, соати 7:50, Мафтуна Раҳимова 20-сола бо писари 6 моҳааш худро ба дарёи Кофарниҳон андохтааст, ки дар натиҷа ҳар ду ҷон додаанд.

Наҷотдиҳандагон ҷасади Мафтуна Раҳимоваро соати 10:05 дақиқаи 2 апрел аз ҳудуди деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ пайдо намуда, ба кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат супоридаанд. Кофтукоби ҷасади кӯдак то ҳол идома дорад.
Мӯҳр
Камтар бо масьулият бошед охир. Наход як иттиллоро дар хабар ду намуд менависед. Як чой ба 3 моха чои дигар ба 6 моха. Мардумро девона кардед

Саера
Ман намебонам чи гуна андешаамро нисбат ба номардии мардхои точик ва хушдоманхои золим баен кунам. Имруз ин беадолати чомеаи точикистонро нигарон кардааст.

Империи

мехмон
Норасои, бекори ва камбагалии шавхар ссабаби худкушии зан шудааст. Ин мардро ки дузди карда наметавонад ва ягон хеши мансабдор надорад якумра зиндони кунед !!!

хочи
дилам барои мафтунаи гура марг месузад чияни ман хам дар нохияи муминобод аз зарбу шиканчаи хуштоман худашро овехт вай худи мафтуна борин шикоят мекард модараш аз дунё гузашта буд дар хонаи падар ва моиндар бо фарзанхояш рузаш хуш набуд вайро хам касали рухи дошт гуфта аз чазо гурехтанд сад хайфи хамон табиб ва судхое ки барои пул шуда гунохкоро озод мекунад худоё дунёи охирати мафтунаро обод кунад омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)