Баъди ҳалокати 30 низомӣ: Боку оташбас эълон кард... Ереван рад намуд (ВИДЕО)
Дар пайи даргирии нави Озарбойҷону Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ки шаби 2 апрел сар зада, беш аз 30 кушта аз ҳар ду ҷониб бар ҷой гузошт, Боку 3 апрел тариқи якҷониба оташбас эълон кардааст. Аммо ҷониби Арманистон ин иддаоро “доми иттилоотӣ” хонда, таъкид мекунад, ки тирпарониҳо аз ҷониби Озарбойҷон идома доранд.
Тибқи иттилои охир, ҳангоми даргириҳо 18 низомии арманӣ ҳалок шуда, 25 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Талафоти ҷонии ҷониби Озарбойҷон 12 нафарро ташкил додааст. Озарбойҷону Арманистон дар оғози муноқишаи нави мусаллаҳона ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Ереван Бокуро дар оғози амалиёт муттаҳам карда, таъкид намудааст, ки ҷавобан як чархболи Озарбойҷонро сарнагун кардааст.
Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон мегӯяд, Арманистон тамоми меъёрҳои байналмилалиро нақз кард: “Мо аз мавқеъамон даст намекашем. Дар баробари ин барои оташбас ва ҳалли қазия бо роҳи мусолимат талош мекунем. Ҳамзамон таҳкими артиши худро идома медиҳем”. Қаблан расонаҳои озарӣ баландии Лепталеро намоиш дода, изҳор доштанд, ки нуқтаи стратегӣ ба зери назорати Боку гузашт.
Серж Саргасян, раисиҷумҳури Арманистон даргириҳои охирро калонтарин амалиёти низомӣ хонд, ки аз ҷониби Озарбойҷон баъди оташбаси соли 1994 амалӣ шудаст. Ҷониби Арманистон изҳор медорад, ки омодаанд оташбасро баррасӣ кунанд, агар мавқеъҳои пешии ҷонибҳо барқарор шаванд. Дар ҳамин ҳол Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия пуштибонияшро аз мавқеи Озарбойҷон баён кардааст. Пан Ги Мун, дабири кулли СММ ҷонибҳоро ба худдорӣ аз идомаи ҷанг даъват кардааст. Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД ҳушдор додааст, ки идомаи даргирӣ метавонад, бо ҷанги сартосарии ду кишвар анҷом ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |