Мулоқоти вазир бо ҳайати “ОМОН”: Аз садоқат то ҷангҳои хориҷӣ (АКС)
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 30 март аз қароргоҳи Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД боздид карда, онҳоро ба садоқат ба Ватан даъват кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода дар хитоб ба ҳайати шахсии Воҳидҳои махсуси ВКД (ОМОН) таъкид кардааст, ки вазъияти кунунии ҷаҳон аз ҳар як корманди ин ниҳод ҳушёриву чолокӣ ва далерию нотарсӣ тақозо мекунад. “Содиқ будан ба халқу Ватан – аз нуктаҳои асосии Савганди ёдкардаи ҳар як корманди низомӣ ба ҳисоб рафта, хизмати арзандаи муҳофизони Ватан аз ҷониби Ҳукумату давлат ҳамеша қадр мешавад”-гуфтааст вазир.
Дар навбати худ хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсус, аз ҷумла майори милитсия Носир Шокиров, капитани милитсия Хайрулло Шарифзода, подполковники милитсия Шоҳиён Шуҳрат Шоҳ дар назди вазир баромад карда, изҳор доштаанд, ки ҳамеша барои таъмини тинҷиву оромии кишвари азизамон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳанд кард.
Дар идомаи мулоқот Зикрулло Саидзода, устоди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи вазъи сиёсии баъзе кишварҳои дунё суҳбат кардааст, ки айни ҳол ба муноқишаҳои диниву мазҳабӣ кашида шудаанд. Саидзода дини Ислом аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзамро шарҳ дода, афзудааст, ки Ислом муттаҳидию меҳру шафқат ва инсондӯстиро меписандад ва тафриқаандозию низоъангезӣ хилофи қоидаҳои исломӣ мебошанд.
Суҳбат аз ҷангҳои хориҷӣ ва муноқишаҳои мазҳабӣ барои кормандони “ОМОН” дар ҳолест, ки соли қабл Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ин ниҳод ба “Давлати исломӣ” пайваст ва дар як навори видеоӣ далели ин иқдомашро ба маҳдудсозии ҳуқуқи диндорон дар Тоҷикистон рабт дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |