Ш.Зуҳуров: Аз макотиби олӣ дида, ба мактабҳои касбу ҳунаромузӣ бештар диққат диҳед

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, бояд ба таълимгоҳҳое, ки ба касбу ҳунаромузӣ машғуланд, диққати бештар дода шавад.
Шукурҷон Зуҳуров чоршанбеи 30 март дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба дунболи қабули Протокол оид ба тағйиру иловаҳо ба созишномаи Тоҷикистону Қазоқистон роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ гуфт, дар ҳоле ки мутахассисони зиёди омоданамудаи мактабҳои олии кишвар ҷой кор намеёбанд, беҳтар аст ба мактабҳое таваҷҷуҳ шавад, ки ба ҷавонон касбу ҳунарҳои гуногун меомӯзанд. Ӯ таъкид намуд: “Баъди солҳои зиёд ба ҳамин хулоса омадам, ки аз он диққате, ки ба мактаби олии имрӯз медиҳем, яъне мутахассисонеро тайёр мекунем, ки қисми зиёдашон ҷой кор намеёбанд, аммо аз буҷет пул сарф мекунем, беҳтар аст, ба литсейю колеҷҳое диққат дода шавад, ки ба ҳунаромузӣ машғуланд”.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо хитоб ба Нурулло Раҳматуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ин масъаларо баррасӣ намоянд ва талош кунанд, таваҷҷуҳ ба таълимгоҳҳои ҳунару касбомӯзӣ бештар гардад: “Ба ин кор машғул шавед, пешниҳодҳо кунед. Аз 10 пешниҳод 5-6 тоаш ҳам гузарад, аллакай дар ҳукумат пешравӣ мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |