Бахшҳо

Абдулло Давлатов: Дар симои ҳар тоҷики намозхон ва ё ришдор “террорист”, “исломист”, “салафӣ”-ро мебинанд

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, 85 дарсади тоҷикистониён, ки дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ ҳузур доранд, муҳоҷирони меҳнатиеанд, ки аз ҳудуди Русия ба ин муҳорибаҳо рафтаанд. Дар зимн, “Озодагон” аз коршиносон суол кард:
БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ТУНДРАВШАВИИ МУҲОҶИРОН ЧӢ БОЯД КАРД?


Шералӣ РИЗОЁН, сиёсатшинос
Решаҳои аслии ифротишавӣ ба бегонашавии ҳувиятӣ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, баррасӣ намудани масъала аз ин зовия метавонад барои рӯи даст гирифтани иқдомҳои пешгирикунанда мусоидат кунад. Зеро дар ҷаҳони муосир шакл гирифтани ҷомеаи иттилоотӣ идома дошта, он ба ҳувият ва тафаккури инсонҳо таъсир мерасонад. Васеъ истифода намудани имкониятҳи ҷомеаи иттилоотӣ, хусусан аз манбаъҳои ватанӣ шакл додани афкори умумӣ (инчунин мазҳабӣ)-и муҳоҷирон аз самтҳои калидӣ аст. Гуруҳҳои тундрав дар муҳити бегонаи равонию фарҳангӣ будани муҳоҷирон васеъ истифода карда, бо таблиғи ғояҳои худ онҳоро ба ифротгароӣ мебаранд. Бинобар ин, ба роҳ мондани фаъолият дар ду самт, яъне дар Тоҷикистон ва инчунин дар Русия аз манфиат холӣ нест, чунки воситаҳои муосири иттилорасонӣ чунин амалкардро имконпазир намудааст. Дар марҳилаи аввал созмон додани сомонаи қавии маърифатӣ метавонад барои ҷалб шудани таваҷҷуҳи муҳоҷирон мусоидат кунад. Дар умум, барои пешгирии ифротӣ шудани муҳоҷирон бояд иқдомҳои маҷмӯъӣ рўи даст гирифта шавад, зеро худи ифротгароӣ низ мушкилоти маҷмӯъӣ аст.

Шуҳрат ЛАТИФОВ, мутахассиси соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ
Аввалан чунин ҳолат на танҳо миёни муҳоҷирони меҳнатии мо, балки дар байни муҳоҷирони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мебошад. Баъдан, якчанд омилҳое ҳастанд, ки бояд пешгирӣ намуд, то теъдоди ифротгароҳо дар байни муҳоҷирон кам гардад. Яке аз онҳо камсаводӣ мебошад. Пӯшида нест ки рӯз то рӯз синну соли муҳоҷирони меҳнатӣ поён фаромада, аз 16 солагӣ баъди хатми синфи 9 ба муҳоҷират мераванд. Бар асари зиёд шудани ихроҷи муҳоҷирон падарони депортшуда барои таъмини оилаашон фарзандони худро ба Русия мефиристанд. Чӣ бояд кард? Аввалан мақомотҳои қудратӣ бо ҳамбастагӣ бо мактабу маориф бо ҷавонон корро пурзӯр намоянд. Дуввум ин аз ҳолати руҳии шахс вобаста аст. Вақте муҳоҷир дар Русия аз падару модар, аз оила ҷудо мебошад, вақте оҷиз аст, ба дин рӯ меорад. Дар Русия равияҳои ифротгаро низ ҳаст, ки аз ин ҳолат хуб истифода мебаранд. Бо истифода аз имкониятҳо бояд руҳониҳои тоҷикро ба Русия бурд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни муҳоҷиронро беҳтар кард. Ин кор дар ҳамкории зич бо намояндагони қозиёти Русия бояд амалӣ шавад. Аммо мутаасифона сафарҳои намояндагони тоҷик ба Русия асосан расмӣ буда, қариб озод нест. Бояд ба мардум наздик шуд ва ба ҳар муҳоҷир имкон дод, то дарди дилашро бигӯяд.

Каромат ШАРИПОВ, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик”
Барои чӣ додситон мехоҳад дарди сари худро ба сари русҳо занад? Чӣ фарқ дорад, ки ҷавонон ба муҳорибаҳо аз куҷо рафтаанд? Магар русҳо бо Тоҷикистон шартнома доранд, ки мо шаҳрвандони шуморо аз берун шудан аз сарҳади Русия манъ менамоем? Ҳар кор сабаб дорад ва бубинед тоҷиконе, ки дар Сурияву Ироқ ҳастанд, ҳамагӣ дар сафи ДИИШ меҷанганд. Барои ҷилавгирии муҳоҷирон аз пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ ҳукумат бояд бо ҳама афроди бонуфузи миёни муҳоҷирон, бо диаспорҳои тоҷики муқими Русия сари як миз нишаста, ин масъаларо баррасӣ намояд.

Умед ҶАЙҲОНӢ, коршинос
Бояд дар кишвар кору боре барои миллат офарид, то муҳоҷир нашавад. Агар давлат корофаринӣ накунад, лоақалл бояд аз шаҳрвандон камтар боҷ бигирад, то битавонанд худ коре бикшоянд. Дар дигар кишварҳои ҷаҳон давлат корофаринӣ мекунад.

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия
Аввалан бояд ба ҷаноби додситони кулли Тоҷикистон ташаккур гӯям, ки эътироф кард, тоҷикистониёни ҷанганда дар кишварҳои хориҷ маҳз шаҳрвандони Тоҷикистонанд, на тоҷикони Русия. Пештар чанд масъулини тоҷикистонӣ иброз дошта буданд, ки “тоҷикони Русия ба гуруҳҳои ифротӣ шомил мешаванд” ва чунин изҳорот то ҷойе тоҷикони шаҳрванди Русия доштаро зери фишор қарор дода буд. Ва баъдан, агар воқеан мехоҳанд, тоҷикон шомили гуруҳҳои ҷангӣ нашванд, бояд масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳали худро пайдо кунанд ва мардум кафолати озодии баёну ҳуқуқҳои шаҳрвандиро пайдо кунад. Болои ин ҳама мушкилиҳо, чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русияву Қазоқистон, ки муҳоҷирони корӣ зиёданд, нисбати тоҷикон шикор эълон шудааст. Намедонам чаро чунин аст, аммо имрӯзҳо дар симои ҳар тоҷики намозхон ва ё ришдор ҳатман “террорист”, “исломист”, “салафӣ” ва ғайраву ғайраро мебинанд. Аҷиб ки дар Аврупо ҳатто хунсоҳову ҳамҷинсгароҳову фоҳишаҳо иҷозаи ташкили ҳизбу ҳарактҳоро доранд, аммо ҳарҷое ки тоҷик аст, ҳатто намозхонӣ қонуншиканӣ ҳисоб мешавад?! Бо чунин шеваи кор, метарсам ки шумораи аз ҷон безоршудаҳо зиёдтар мешаваду аз ноилоҷӣ ё ба гуруҳҳои ҷангӣ мепайванданд ва ё ба гуруҳҳои ҷиноии дигар. Хулоса, бояд сиёсати давлат нисбати шаҳрвандонаш хушбинона бошад, на душмантарошанда.

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ, коршиноси умури дин
Юсуф Раҳмонӣ, додситони кулли Тоҷикистон накӯ гуфтааст. Салафия мағзи ДИИШ аст. Мусаллам аст ки барномаҳои ташкилоти террористии “Ал-Қоида”, “Ансоруллоҳ”, “Ан-нусра” ва “ДИИШ” дар асоси идеология ва ақидаи салафия таҳя гаштаанд. Мусалмон ҳаргиз Салафия намешавад. Воқеаҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон нишон дод, ки салафия дар асоси иҷтиҳоди дуруғин ва фатвоҳои номашрӯъи шайхҳои такфирӣ асиронро забҳ менамоянд, сар мебуранд, рақибони сиёсӣ ва ақидавии худро зинда ба зинда оташ мезананд. Мутаассифона аносири такфирӣ ва авомили ифротии Салафия дар Тоҷикистон ҳамчун андешаи исломӣ шакл гирифт. Ин омил сахт хатанок аст. Баъзе масъулини ниҳодҳои динӣ то дахолати мақомотҳои қудратӣ об дар даҳон гирифта, нисбати шаклгирӣ ва решадавонии Салафия дар ҷомеа бетараф буданд. Ба-дин хотир муҳоҷирони тоҷик дар ҳолати ғарибӣ бардошти ғалати диёнатии худро аз воизони такфирӣ ва мавлавиҳои бемазҳабии дохиликишварӣ амалӣ сохта, ба гуруҳҳои террористии “ДИИШ” мепайванданд.

Маҳмудшоҳ КАБИРОВ, равоншинос
Мақомоти қудратии Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёде кард, то механизми даъвати “ҷиҳод”-и дохилии Тоҷикистон пешгирӣ шуд ва сабаби нигоҳдории ҳазорҳо ҷони ҷавонони тоҷик гашт. Акнун механизми дар хориҷа коркарди пешгириро бо мақомоти қудратии давлатҳои муштаракулманофеъ ҷоннок бояд намуд.

Мирғиёс АҲРОРОВ, ҳуқуқшинос
Мусоҳибаи рӯзноманигори “Ҷумҳурият” бо додситони кулл Юсуф Раҳмонро оид ба гароиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротӣ хонда, ба хулосае омадам, ки шояд то 85% не, балки камтари гаравидагон ба сафи гуруҳҳои тундрав, собиқ муҳоҷирони меҳнатиянд. Агар дар Тоҷикистон озодии динӣ нақз нашуда, дари масҷидҳо бе маҳдудият ба рӯи намозгузорон, новобаста аз синну сол боз шавад, касе ба ҳиҷоби занон ва риши мардон кор нагирад, боварӣ дорам теъдоди онҳое, ки ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд, ночиз хоҳад шуд. Агар аз нуқтаи назари иҷтимоиёту шароити зисту зиндагонӣ назар намоем, имрӯз ҳукукмат бояд зудтар ба иттиҳоди гумрукӣ бипайвандад, то мушкили муҳоҷирон осон шавад.
Мӯҳр
мехмон
Ба гайр аз суханони Умеди Чайхони дигар хамагон сафсата гуфтаанд ! Шафтолуи гапро хамин мардак гуфтааст!
Чавонони мо хакикат мечуянд. Ва онро албатта дар Ислом ва давлати Исломи мекобанд. Новобаста ки ва кадом гурух ин давлатро ё чамъиятро ташкил кардан бошад. Барои хамин носанчида мераванд. Чунки касе аз номи Ислом сухан мекунад таъсирбахш ва чалбкунанда мебошад.
Агар имруз дар Точикистон умед ба фардо бошад на мухочират мераванду на чиход !!!
Барои як линча орд ба рузи ояда ва мохи оянда умед нест. Чунки чои кори доими нест. Ин сабаби асосии ба ифротгароён пайвастони точикон. Ки ба фардои нек ва аккалан шиками сер ба шахрвандонро кафолат медихад ?
Оё медонед ки дар точикистон норасоии Fизо вучуд дорад ?? Оё медонед ки бархе падару модарон худашон гуруснаги кашида фарзандонашонро мехуронанд ? Оё медонед ки барои 1000 рубл равон кардан мухочир чони худро гарав мегузоранд?Рафикон ё чанобон!!!!????

ОВОРА
Ба хамаи ин чавонони ирок шом рафтаанд барои он ки озодии дину дунё дар мо нест

макс
эй бе акл наход ки 85фоиз бошад

наход

Абдулохи Мухакик бо ном диншиносасту бод дил шияи рофизии тафрика ва чангандоз Мухакик салафию шофеи,хамбалиро гуфти барои чи ин Шияхои рофизии дар мохи сентябр табадулот кардан ва чангро огоз кардани буданд инашро намегуи.Хуб мешуд ин А.Мухакик худашро ислох мекарду бад номи мавлавию суфиро мегирифт.

Ali
Миргиёс Ахроров хаки гапа гуфтааст аммо Мухаккики рофиза мехохад ки макомот боз репресияро нисбати мусалмонон шадидтар кунад.

Чаноби Абдулло шумо бо ин суханатон на танхо салафихоро балки як намозхони мусалмони точикро тахкир ва уро тухмат ба терорист кардед .
Ман хайронам яъне аз ин пас мардум ба гуфтаи шумо дигар намоз нахонанд то инки салафи хонда нашаванд.

Алафи.
Алафиву халафиву салафи гуфта безор шудем. БИЕЕД Е БА ХИТОЙ ЯКЧОЯ ШАВЕМ, Е БА АФГОНИСТОН.

Холбозор ( абдулло мухакик). В шумо аслан ханафиро аз салафи фарк намекунед. Чунки максади Шиъа як чиз аст, нест кардан ва хабс кардани Сунихо тамом. Имруз садхо чаврноне ки паси панчара мераванд , ягонтаашон Салафи нестанд аммо гуё Салафи се то панч сол махбас мешаванд. Дар мурофиа мо имрузхо иштирок мекунем , ягон судшаванда бо чурми Салафи исбот намешавад. Факад бо рохи зури , зулм, шиканча, бар гарданашон бор мекунанд. Ман хайронам оё ин Судяхо фарзанд надоранд? Оё ин судяхо шаб бо фарзандонашон нишаста чи гуна бо онхо менигаранд?
Оё хаёти чавононро месузонанд бо тухмати терорист, эктримист, салафи , каме дилашон намесузад? Чи мусибат омадаст бар сари точикон?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)