Эй қаҳрамони миллат, зӯру тавони миллат. Таронаи Кутузов дар васфи Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)
Дар пайи нашри матлабу китобҳо дар бораи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ахиран овозхонҳои тоҷик ҳам сурудҳои худро ба ин мавзӯъ мебахшанд.
Дар интернет клипи як таронаи Далер Кутузов мечархад, ки “Пешвои миллат” ном дошта, бар пояи шеъри Мирзо Файзалӣ таҳия шудааст. Кутузов аввалин овозхоне нест, ки таронаи мазкурро иҷро кардааст. Қабл аз ӯ Ҷовидон Нозимов, писари хонандаи саршинос Зафар Нозимов низ онро суруда буд. Кутузов ин таронаро дар жанри поп ва Ҷовидон бо шеваи мардумӣ хондаанд. Аммо дар оғози клипи ҳарду тарона наворҳое аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон истифода шудааст.
Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат", ки ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон унвони расмии пешвои миллатро медиҳад, охирҳои соли сипаришуда тасвиб шуд. 9 декабри соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шуда, 18 декабр аъзои Маҷлиси миллӣ ҳам аз он ҷонибдорӣ намуд. Худи Эмомалӣ Раҳмон ин қонунро рӯзи 25 декабр имзо кард.
Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро муқаррар мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |