Зокир Собиров: Ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ”-и манро дар ватан қадр намекунанд

Суҳбати ихтисосии коромӯзи “Озодагон” – Меҳрубон Раҳматуллоева бо Зокир Собиров, рассом, тарроҳ, ороишгари саҳнаҳои театр ва муҳандис.
-Чӣ омил сабаби ба санъати рассомӣ рӯ овардани Шумо гардид?
-Ягон омил надошт. Аз муғамбирӣ рассом шудам. Дар мактаби миёна ба таъриху адабиёт, математикаю физика ва умуман ба хондан чандон завқ надоштам. Фикр мекардам, ки аз ҳама касби нолозим китобхонист. Аммо баъд дарк кардам, ки барои рассом шудан бояд аз ҳамаи фанҳо огоҳ буд. Ба қавли мақоли маъруф, “аз борон гурехта ба барф задам”. Ва ҷиддӣ ба омӯзиш машғул шудам, зеро рассомиро бидуни донистани таъриху адабиёт тассавур кардан ғариимкон аст.
-Шумо ба дарёфти ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” мушарраф шудаед, мешавад дар бораи таърихи он бигӯед?
-Бо истифода аз эҷодиёти устод Гулназар Келдӣ дар эҷод қолабшиканӣ кардам. Илҳом аз ашъори устод буд, ки ман як чизи воқеан навро дар сабки Параллелизм кашф кардам ва берун аз он чизе қадам гузоштам, ки тули қарнҳои зиёд сайқал ёфта то ба мо расида буд. Ман бо як нигоҳи нав истетикаи навро сохтам. Маҳз аз рӯи ҳамин равия дар шаҳри Лондон сазовори ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” гирифтам. Аммо ин ҷоиза бароям чандон арзише надорад, чун дар ватанамон онро қадр намекунанд.
Параллелизм - хати геометрист. Фазоҳое, ки самт надоранд дар куҷое, ки бошад, муаллақанд. Фазои кайҳонӣ, ки мегӯянд бо хатҳои параллелизме, ки дар геометрия дида мешавад, рабте надорад. Дар офаридани онҳо хатҳоро ба пешу қафо мебаранд, шикастагиҳо дида мешавад, лекин мавқеашонро гум намекунанд. Параллелизм ин як равияи нави ҷаҳонӣ аст, ки то имрӯз ягон нафар аз рӯи чунин сабк асар ё равия наофаридаст. Дар Аврупо барои кашф кардани ягон равия, фарқ надорад дар кадом самт аст, адибону бастакорон, композиторону рассомону мутафаккирон ҷамъ шуда, дар бораи кашфи нав фикру ақидаи худро иброз медоштанд. Ва шояд дар садсолаҳо як равияи нав сохта мешуд. Ҳудуди 10 аср мешавад, ки дар дунё ягон равияи нав пайдо нашудаст. Ин ихтироъро ҷомеаи Тоҷикистон бояд қадр мекард, вале то имрӯз касе аз он воқиф нест.
-Чаро равияи офаридаатон бо забони тоҷикӣ номгузорӣ нашуд?
-Параллелизм вожаи русӣ аст, ба тоҷикӣ нурворизм мешавад. Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон онро тасдиқ накардаанд, ҳамон параллелизмро қабул мекунам. Вақте дар худамон инро пазируфтанду ба назар гирифтанд, баъд нурворизм мекунам.
-Имсол чӣ нақшаҳо доред?
-Эҷодкори асил ҳамеша дар такопу аст. Дар бораи он меандешад, ки чизи наве дарёфт кунад ва ӯ ҳеч гоҳ бояд аз худ розӣ набошад. Чанд асарамро барои озмуни навбатии рассомон ба Амрико фирстодам. То охири моҳи март озмун ҷамъбаст мегардад. Бино ба маълумотҳо моҳи апрел дар Лондон озмуни навбатӣ баргузор мешавад. Тасмим гирифтаам, он ҷо низ ширкат варзам. Қарор додаам равияи материализмро, ки баъд аз параллелизм ихтироъ кардаам, ба ин озмун пешниҳод намоям. Материализм равияи навест, ки аз матоъ сохта мешавад. Ин материализми Маркс нест. Ин вожа бо забони тоҷикӣ танворизм мешавад, ки ҳоло рӯи он кор карда истодаам. Дар озмуни Лондон аз рӯи ҳамин равия асарҳоямро пешниҳод хоҳам кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |