Бахшҳо
30 мар 2016 15:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Зуҳуров зидди ҷазои сангинтари соҳибкорон: Гумрукчиён чаро назорат намекунанд?

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки афзоиши ҷаримабандии соҳибкоронро барои вуруди ғайриқонунии мол пешбинӣ намудааст, барои омӯзиши бештар бозпас гардонд.

Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали вазири адлия имрӯз, 30 март зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, мақсад аз тағйирот пурзур намудани ҷавобгарӣ ва ба ин васила пешгирию коҳиш додани воридоти ғайриқонунии маҳсулот аз ҷониби соҳибкорон мебошад.

Холиқзода шарҳ дод, ки вақте соҳибкор маҳсулоти худро ғайриқонунӣ ворид мекунад, аз он андоз намесупорад ва ин ба соҳибкрони аз рӯи қонун амалкунанда таъсири манфӣ дорад: “Танҳо дар соли 2015 аз ҳисоби вуруди ғайриқонунии мол 270 миллион сомонӣ маблағи андоз ворид нашудааст”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни баррасии масъала гуфт, пурзур намудани ҷазо ва ё афзоиши ҷаримабандиҳо барои соҳибкорон, роҳи ягонаи ҳалли масъала набуда, дар ин самт дигар роҳҳоро ёфтан лозим мебошад: “Ин хел намешавад, коре кардан лозим, ки мол ғайриқонунӣ ворид нашавад. Дар гузаргоҳҳо кормандони гумрук меистанд, чӣ гуна мол ғайриқонунӣ дохили кишвар мешудааст? Раҳбарияти Хадамоти гумрук бояд ин масъаларо бубинад. Боре ҳамроҳи раҳбарияти гумруку андоз ин масъаларо дидед?”

Абдуманнон Холиқзода дар посух ба суолҳои Зуҳуров аз қавли масъулини гумрук изҳор дошт, ки феълан ҷаримабандиҳо барои қонуншикании соҳибкрон сабук мебошанд ва ба ин далел соҳибкорон қонуншиканиҳоро такрор мекунанд: “Яъне ҷаримае, ки барои қонуншикании соҳибкрон феълан мавҷуд аст, сабук буда, соҳибкорон бо пардохти ҷарима боз корашонро идома медиҳанд. Таҳлие, ки мақомоти гумрук гузаронидааст, онҳе, ки ба таври ғайриқонунӣ молро медароранд нисбати соҳибкороне, ки молашонро ба таври қонунӣ ворид мекунад арзон мефурушанд ва талабот ба моли онҳо зиёд мешавад. Ин ҳолат ба онҳое, ки дар доираи қонун амал мекунанд, мушкилӣ эҷод мекунанд”.

Оқои Холиқзода дар асоси таҳлилҳои мақомоти гумрук гуфт, соҳибкороне ҳастанд, ки биёср вақт пардохтҳои гумрукир иҷро намекунанд ва бо думболи ин ҳарфаш Шукурҷон Зуҳуров боз савол гузошт,ки чаро иҷро намекунанд? Дар ҳамин ҳол аз толори Маҷлиси намяондагон нафаре садо баровард, ки ба таври қочоқ, ки ворид мешавад, пардохтро иҷро намекунанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, “қочоқро кӣ ворид месозад? Ҳамон корманди гумрук. Корманди гумрук дар пост истодааст, мебинад, иҷозат медиҳад. Ва ба таври қочоқ, ки молро ворид карданд, кӣ ҷавобгар аст? Аввал гумрук, баъд ҳамон одами ҷиняткор”.

Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи Президент дар Маҷлиси намояндагон, иброз намуд, ки зиёд кардани ҷаримаҳо на ба хотири пур кардани буҷет ё чизи дигар, балки барои пеши роҳи қонуншиканиҳоро гирифтан аст.

Шукурҷон Зуҳуров дар пайи нагирифтани посухҳои мушаххас ба саволҳояш, гуфт, бигузор ин лоиҳа бозпас гардонида шаваду бо ҳузури раҳбарияти мақомоти гумруку андоз дақиқан мавриди омӯзиш қарор гирад.

Талош барои зиёд кардани ҷаримабандии соҳибкорон дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон иқрор намуд, ки бархе кормандони гумрук дар вуруди ғайриқонунии мол аз хориҷ манфиатдоранд. Абдуфаттоҳи Ғоиб қаблан дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди сарчашмаи мошинҳою хонаҳои гаронарзиши кормандони гумрук изҳор дошт, ки ин ҳама тариқи сохтакориҳо ба даст меояд: “Дар вақти вуруди мол дар санадҳо як намуди борро ба бори дигар иваз мекунанд ва ин арзиши борро кам месозанд. Аз ин ҳам тоҷир фоида мебинад ва ҳам корманди гумрук. Масалан аз Эрон қолину мебелро ҳам дар санадҳо маҳсулоти макаронӣ гуфта, ворид мекардаанд, зеро пардохтҳо барои макарон хеле кам аст”.

Ӯ афзуд, ки чунин ҳолат дар додугирифт бо Чин низ ҷой дорад: “Ман ба наздикӣ дар Хитой будам, ба ман ҳуҷҷатҳоеро нишон доданд, ки дар 5 моҳ ба Тоҷикистон аз Хитой ба маблағи 257 миллион доллар бор интиқол дода шудааст. Аммо аз сарҳади Тоҷикистон бор ба маблағи 132 миллион доллар гузаштааст”.

Ӯ дар шарҳи “гум” шудани бор ба арзиши садҳои миллион доллар дар гумруки Тоҷикистон гуфт, аз Хитой бор бо як ҳуҷҷат меояд, аммо дар сарҳади Тоҷикистон ба хотири кам нишон додани арзиши мол ҳуҷҷатҳоро иваз мекунанд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб гуфт, маҳз дар пайи ҳамин гуна сохтакориҳо бархе кормандони гумрук соҳиби хонаю мошинҳои боҳашамат мешавад: “Аз ин сохтакорӣ ҳам тоҷир манфиатдор асту ҳам корманди гумрук. Фоидаро байни ҳам тақсим мекунанд”.
Мӯҳр
Муаллим
Бале, Ҷаноби Зуҳуров дуруст мегуянд. Қонунҳои гумрук хубанд, якамбудӣ дар худи кормандони он аст, ки молро бе расмиёти гумрукӣ аз марз мегузаронанд. Ҷаримабандӣ фақат ҳамон соҳибкорони "саркаш" мешаванд, ки ба "гуфтаи" онҳо намекунанд. Монед, ҷаримаи калон роҳи ҳалли масъала нест. Гумрукчиён кори худро аз рӯи виҷдон (каме ҳам бошад) кунанд, бас аст. Буҷет пур мешавад.

nabi farhor
Аз хамаи корхо бо хабар будаед,чаро пеши ин хел конуншиканихо гирифта намешавад.Хама медонанд,ки бо маъоши 800с - хонаи бохашамат сохта ё мошини гарон арзиш харидори намуд.

Муаллим
"Ба фикрам бор тариқи хурҷинҳои хар ё бо қайиқ тариқи дарё вориди ҷумҳури мешавад, ки кормандони гумрук то ҳол намедонанд". Дар баъзе кишварҳо дар 50 солаҳо тағирот ба қонунҳошон дароварда наметонанд, мо бошем бисёр шавқмандем дар тағирот. Ҷарима барои тоҷирон не, балки барои нозирони гумруке, ки дар сарҳат назорат мекунанд ва борро қалбакӣ ворид мекунанд барои вайҳо зиёд карда шавад, чун, ки давлат ба вайҳо бовар карда ба онҳо ҳар моҳ маблоғ медиҳад ва онҳо хиёнат ба ватану миллат мекунанд. Агар назорат сахт шаваду давлат хонаву мошини боҳашамати 5 корманди гумрука гирад, дигараш ба будагиш шукр карда, бора тариқи қочок дигар намегузаронад.
Муҳтарам Абдуманнон Холиқзода, ҳамаи факту рақаму далелҳову имкониятҳоро доред як 15 нафарша аз кор гирифта дар ҷояшон як 15 нафари бо виҷдони ватандӯста монеда мардум ба Шумо аз таги дил раҳмати КАЛОН гӯяд.

Фарёд
Дар хадамоти гумрук ҳануз ҳам ашхоси тасодуфи ва бевиҷдон пур ҳастанд, рузи 3- уми апрели соли ҷорӣ якшанбеи гузашта як дусти меҳмонамро ки аз Қазоқистон ба манзури шиносои ба Тоҷикистон омада буд, бо эҳтироми зиёд тариқи хатсайри Душанбе- Алмаато тахминан соати 13 гусел кардам, баъди ба ҳавопаймо нишастан фавран ба ман СМС рои карда шадидан аз кормандони гумрук шикоят карда нависонд, ки кисаҳоямро кофта маро таҳдид карданд ва талаб намуданд, ки сум бте мо гушнаем, маошамон паст аст ба зиндаги намерасад ва ҳамин тавр 200 сомонии таги кисаамро мехостам дар фурудгоҳ туҳфа харам талоши карда гирифтанд, меҳмон сахт аз органҳои аеропорти мо ранҷида буд. Муҳтарам Абдуфаттоҳи Ғоиб илтимос чора бинед, то ба кай ин тудаи шағолон миллати тоҷикро шармандаву гушна муаррифӣ мекунанд. Сад илтимос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)