1 миллиону 313 ҳазор сомонӣ. Хисороти тундбод ба Истаравшан
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Истаравшан хисороти расида аз тундбоди сахт дар ин шаҳрро беш аз миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.
Лутфулло Абдуллоев, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Истаравшан имрӯз, 31 март ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, хисороти расида тахминан ба як миллиону 313 ҳазор сомонӣ баробар аст. Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, рақами дақиқи хисорот баъди 10 рӯз маълум мешавад: “Чун мардум бо аризаҳои худ аз ин офат муроҷиат намуда истодаанд”.
Бино ба иттилои сокинони шаҳри Истаравшан боди шадид тахминан соати 04:00-и субҳи 30 март оғоз шуда, боми қисме аз манзилҳои зистро қисман ва пурра хароб кард. Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд гуфт, дар пайи тундбод боми биноҳои беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ, таваллудхона ва чандин бинои шахсӣ тахриб шуда, ҳудуди 10 нақлиёти сабукрав зери бомпӯшҳо мондаанд.
Манбаъ меафзояд, тундбод талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |