Зуҳуров: 80%-и шайхҳои араб аз Тоҷикистон духтар мехоҳанд
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон алайҳи сафари муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ба кишварҳои арабӣ баромад карда, таъкид намуд, ки 80 фоизи шайхҳои араб аз мо духтар мехоҳанд.
Зуҳуров имрӯз, 30 март зимни баррасии тағйиру иловаҳо ба созишномаи Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии ҳар ду кишвар изҳор дошт, ки тайи солҳои 2015-2016 теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Қазоқистон 1,5 баробар зиёд шудаст. Раиси Маҷлиси намояндагон Қазоқистонро бозори мусоид барои муҳоҷирон хонда, таъкид намуд, ки маош дар ин кишвар баробари Русия ва дар бархе соҳаҳо ҳатто зиёдтар мебошад.
Нурулло Раҳматуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳузури вакилони парлумон изҳор дошт, ки тағйирот ба созишнома миёни Тоҷикистону Қазоқистон раванди муҳоҷиратро сода мегардонад. Ба гуфтаи Раҳматуллозода Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки феълан дар қаламрави он беш аз 20 ҳазор тоҷикистонӣ кор мекунанд.
Зуҳуров аз ноиби вазири меҳнат ва муҳоҷират хост, талаботи бозори меҳнати Қазоқистонро омӯхта, мутахассисонро омода созанд. Раиси парлумон инчунин барои густариши раванди муҳоҷират пешниҳод намуд, ки намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон ташкил гардад.
Зуҳуров дар хитоб ба масъулини муҳоҷирати Тоҷикистон гуфт, “мебахшед, бо кишварҳои араб зиёд саргардон нашавед. Барои кор дар он кишварҳо забонро донистан даркор...”.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар гузашта вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ буд, илова намуд, ки “кишварҳои арабӣ 10 сол пеш барои интиқоли муҳоҷирон дархост карданд. Ман рад кардам. Шайхҳои араб 80 фоизашон духтар мехоҳанд, вақте мегӯем дар куҷо кор мекунанд, мегӯянд, дар хона”.
Раиси парлумон муҳоҷирати меҳнатии духтарони тоҷикро ба кишварҳои араб қобили қабул гуфт, агар бо шавҳарҳояшон сафар кунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ бештари шайхҳои араб танҳо духтаронро мехоҳанд, то ба ивази 300 доллар ба корҳои хона ҷалб намоянд.
Бо зикри ин Шукурҷон Зуҳуров аз масъулини муҳоҷирати Тоҷикистон хост, фаъолиятро дар самти пайдо намудани бозорҳои нав ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон ҷоннок намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |