Аз мушоҳида то ҳақиқат
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳуриамон ба кор даровардани банкоматҳо дар шароити имрӯза зарурате надошт ва ҳам надорад. Зеро дар аксари маврид муштариён аз истифодаи корти банкӣ огаҳӣ надоранд ва бо гузашти чанд вақт ҳам аз ин «мӯъҷизаи аср» истифода карда наметавонанд. Дар ҳоли ҳозир, атрофи банкоматҳои фаоълбуда дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон одамони зиёде гирд меоянду дар назари аввал шахси бехабар гумон мекунад, ки ин ҷо гирдиҳамойӣ идома дорад. Ноӯҳдабаройии ҳам кормандони шӯъбаҳои бонкӣ ва худи муштариён ба он оварда расондааст, ки охири ҳар моҳ дар гирду атрофи банкоматҳо, ба хусус банкоматҳои назди шуъбаҳои бонк мардуми зиёде ҷамъ омада, саҳнаи «митинги стихиявӣ»-ро ба вуҷуд меоранд. Дуруст аст, ки дар дунёи мутамаддин ин намуди хизматрасонӣ роиҷ будаву гузашта аз ин, кори ходимони бонкро даҳҳо маротиба осон мегардонад. Вале тавре дар боло гуфтем, мо мардуми рустоӣ ҳоло ба ин дараҷа нарасидаем, ки аз навтарин технолгияҳои муосир истифода намоем. Ба замми ин ҳанӯз маблағе зиёде ҳам надорем, то дар бонкҳо мондаву аз он ба таври зарурат истифода бурда тавонем. Маблағҳои бонкии тақрибан 80-фисади шаҳрвандони кишвар танҳо ба 1-моҳ мерасаду онро (ҳамин маблағи якмоҳаро) ҳам на ҳама нигоҳ дошта метавонад. Аҷибаш он аст, ки барои нафақагирон ва кормандони соҳаи буҷавӣ ба таври иҷборӣ истифодаи кортҳои бонкиро ҷорӣ кардаанд. Биёед, як бор бубинем ва аз эшон бипурсем, ки чаро ва барои чӣ?
Барои 100 сомонӣ корт чӣ даркор?
Ҳақмузди 1-моҳаи як бознишаста дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна на бештар аз 100-сомонӣ аст, ки муттаасифона, ҳатто барои хариди маводи хӯрокворӣ ба як нафар дар 30 рӯз намерасад. Мантиқан, ҳамин нафақагир хоҳу нохоҳ ҳамаи пулашро якбора гирифтан мехоҳад ва ҳам мегирад. Ё худ кормандони соҳаи буҷавӣ низ, ки маоши миёнаашон 300-400 сомонӣ аст, ҳатман хоҳиши ҳамаи маблағро гирифтан доранд. Зеро, ҳамин маоши эшон ба рӯзгузаронии оилаашон кифоят намекунад. Ба болои ин, ҳаққи нафақа ва низ дар аксари маврид, ҳаққи маоши «кортдорони буҷавӣ» сари вақт аз ҷониби мақомоти марбута пардохт намегардад. Аз ин рӯ, навбатпойӣ наздики банкоматҳо ва хархашаву ҷанҷол зиёд мешавад.
Масалан:
Аввали моҳи равон дар назди бахши «Тоҷиксодиротбонк»-и шаҳри Кӯлоб гурӯҳи бузурги одамон ҷамъ омадаву ҳаёҳӯй доштанд.Ҳисси кунҷковиам (ё инстинкинти хабарнигорӣ) водорам кард, ки аз наздик ин моҷароро фаҳмам. Бароям дар як лаҳза рӯшан шуд, ки эшон ҳамагӣ кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои буҷавии шаҳру ноҳияи Кӯлоб будаанд, ки барои гирифтани маош талош доранд. Кӯшиши кормандони бонк барои сафороӣ ва навбатпоии «кортдорон» бенатиҷа буд, касе касеро гӯш намекард. Анбӯҳи ҷавонон ва мардону занони пулгир ба ҳадде зиёд буд, ки як кампирак қариб таги пойи онҳо мемонд, албатта агар хадамоти бехатарии бонк фавран мудохила намекард…
Аҷибаш ин буд, ки аз ҷумлаи эшон қариб касе усули истифодаи кортро намедонист ва аз кормандони бонк хоҳиш мекарданд, ки пулашонро аз ин таҷҳизот (банкомат дар назар аст) гирифта диҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳар нафар муштарӣ бояд корти худро дошта бошаду рамз ё худ «парол»-ашро ба касе нагӯяд. Хостем, ҳамин чизи оддиро ба муаллимону табибон фаҳмонем. Акбар Аминов, як муаллим аз мактаби №42 гуфт: «Фарқаш чӣ? Аздусар дар кортҳоямон маблағе надорем то аз он дар ҳарос бошем. Моҳона аст, ки онро ҳам ба пуррагӣ мегирему халос». Ба андешаи ҳамин муаллим, усули нав ба ҷуз вақти зиёд сарф кардану асабхаробкунӣ дигар ягон натиҷаи мусбӣ намедиҳад. Ӯ афзуд: «Ҳамон усули бобогӣ хубу қулай буд. Санадро имзо карда, бе ягон шӯру мағал маошатро мегирифтӣ. Ҳозир бошад, ё маблағ нест ё қувваи барқ, ё худи таҷҳизот кор намекунад».
Сайидикром Муллоев, сардори хадамоти бехатарии бахши «Тоҷиксодиротбонк» мегӯяд, дар ҳудуди шаҳр 3 банкомат ва 1 терминал дар хизмати мардуманд, аммо муштариён, ҳатто муаллимон аз кортҳои бонкӣ дар ин таҷҳизотҳо истифода бурда наметавонанд. Аз ҳамин хотир, охири ҳар моҳ шумораи зиёд ҷамъ меоянду ғавғо мебардоранд. Зиёианду вале навбат истодан намехоҳанд, ҳатто одоби муносибат ва навбатгирӣ надоранд. «Дар ҳоли ҳозир дар 3 банкомат ва 1 терминал маблағи пулӣ ҳаст ва муштариён бе ягон мушкилӣ метавонанд, маблағи даркориашонро гиранд. Вале бо айби гуфтагӣ, аксарашон ба бонк меоянд»,- мегӯяд ӯ.
Такрори ҳамин сужа дар «Амонатбонк» низ ба назар мерасад. Вале ин ҷо кормандони бахшҳо бо истифода аз усули терминалӣ тавонистанд мушкилро каме ҳам бошад, бартараф намоянд. Тақрибан дар ҳамаи маҳаллу кӯча ва ҷамоатҳо пост-терминалҳои сайёр ба роҳ монда шудааст, ки нафақагирон бо истифода аз кортҳои худ аз он маблағи нафақаашонро мегиранд. Аммо ин ҷо ҳанӯз ҳам мушкили сари вақт пардохт нагаштани ҳақи нафақагирон аз ҷониби Оҷонсии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳалли худро наёфтааст.Бино ба қаавли Изатуллоҳ Раҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи райиси бахши «Амонатбонк», то 30-юми октябр танҳо мақомоти ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб маблағи нафақагиронро ба пуррагӣ гузарондаасту бас. Дигар навоҳии минтақа ҳамагӣ 30 фисади маблағро пардохт кардаанд. Аз ин хотир, ҳаққи нафақаи бозмондагон то рӯзи 4-уми ноябр ба пуррагӣ маблағгузорӣ нагаштааст.
Ва аммо сӯҳбати мо бо шумо дар бораи кортҳои бонкӣ ва банкоматҳо буд, ки ба он бармегардем.Бонкдорони Тоҷикистон бо баҳонаи ба ҷаҳони муттараққӣ баробар шудан, усули кортии пулгирӣ ва банкоматро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ карданд. Табиист, ки мардуми оддӣ, аз ҷумла омӯзгору табибу нафақагир он қадар пуле надорад, ки ҳисобаш гум бошад ва ҳатман дар корт нигаҳдорӣ шавад. Чӣ зарурат буд, ки барои 80-100 ва ана хайр 350 сомонӣ камбизоатонро кортдор намоем. Ин маблағ-ку барои 5-10 рӯзи зиндагӣ намерасад, бо муҷарради гирифтан, ҳоло дар киса нагузошта тамом мешавад…
Дуввум ин ки барои фармоиш, сохтан, овардан ва насби ин корту бонкомату пост-терминалҳо чӣ қадар маблағ масраф шудааст? Фарз кардем, ки дар ҷумҳурӣ ҳудуди 545 ҳазор нафақахӯр ва ҳамин қадари дигар муаллиму духтур ба сар мебаранд, агар барои ҳар яки онҳо як корт дода шуда бошаду он корт бо маблағи 3 доллар фармоиш шуда бошад, пас 3 миллион доллари буҷаи давлат фақат барои кортсозӣ масраф шудааст? Дастгоҳҳои банкомату пост-терминалҳо ҳам албатта нархи гарон доранд. Яъне, ба андешаи инҷониб даҳҳо миллион доллар аз хазинаи давлат барои коре сарф шудааст, ки ҳоло вақти харҷи он набуд…Аммо ба ҳар сурат як чиз моро каме бошад ҳам «ором» месозад: Ҳар чӣ ҳам бошад, бошад, «ҷаҳонӣ» бошем, бас…
Аслиддин Достиев{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |