Қурған қуҷо, Данғара куҷо? Таронаи нави Фирӯза Ҳафизова (ВИДЕО)
Фирӯза Ҳафизова, хонандаи попи тоҷик таронаи нави худро муаррифӣ кард.
Ин тарона “Ман духтари тоҷикам” ном дошта, клипи он дар Сафеддара сабт шудааст. Ин навор аз баҳси чанд шогирди мактаби варзишӣ оғоз мешавад, ки яке худро кӯлобӣ, дигарӣ хуҷандӣ ва савумӣ мегӯянд. Аммо дарҳол устодашон онҳоро барои ин накуҳиш намуда, таъкид мекунад, ки “мо дар куҷое ки набошем, шукронаи тинҷию амният ва оромиву суботи Тоҷикистон кунем ва ин сулҳеро ки дар Ватани азизи мо ҳаст, пос дорем”.
Дар таронаи Фирӯза, ки ба қалами кадом як Диловар навишта шудааст, чунин мисраъҳо садо медиҳанд:
“Қурған куҷо, Данғара куҷо,
Варзоб куҷову Ҳисор куҷо.
Кӯлоб куҷо, Помир куҷо,
Хуҷанд куҷо, Душанбе куҷо
Мо тоҷикем, мо бо ҳамем...”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |