Раҳойии занону кӯдакон аз ҳавопаймои ғасбшудаи EgyptAir
20 тан аз занону кӯдакон аз ҳавопаймои ғасбшудаи ширкати EgyptAir, ки дар фурудгоҳи Ларнаки Кипр фуруд омад, берун шудаанд. Дар ин бора телевизиони Sky News хабар медиҳад.
Ҳавопаймои мусофирбари A320, ки дар хатсайри MS181 аз Искандария ба Қоҳира парвоз мекард, субҳи имрӯз, 29 март ғасб гардид. Ширкати EgyptAir дар саҳфаи “Твиттер”-аш хабар дод, ки баъди он ки тайёра аз замин баланд шуд, нафаре таҳдид кардааст, ки камарбанди ҳомили маводи мунфаҷираро метарконад. Ба иттилои расонаҳо, ин нафар халабонҳоро маҷбур кардааст, ки тайёраро дар Ларнаки поин кунанд.
Гуфта мешавад, дар дохили ҳавопаймо 88 нафар, бо шумули 81 мусофир қарор доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |