Р.Қодириён Эмомалӣ Раҳмонро эҳёгари ҷасорати азалии тоҷикӣ хондааст
Рашиди Қодириён, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо иншои як китоб гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон замоне ба майдони таърих омад, ки тоҷик дар гирдоби гумроҳӣ гирифтор шуда буд.
Китоби оқои Қодириён "Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини Истиқлолияти Тоҷикистон” унвон гирифта, онро нашриёти “ЭР-граф” зери таҳрири Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президент дар умури робита бо ҷомеа чоп кардааст.
Дар ин китоб, ки ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст, муаллиф иддао мекунад, ки таъмини рафоҳияти аҳли мамлакат дар ҳоли ҳозир натиҷаи воқеии талошҳои аввалияи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Рашиди Қодириён дар боби аввали китобаш, ки “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари ҷасорати азалии тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ” ном дорад, мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба майдони таърих вақте омад, ки тоҷик дар гирдоби гумроҳӣ гирифтор шуда буд: “Дар ин бора гуфтанд, мегӯем ва боз хоҳем гуфт. Даҳҳо бор, садҳо бор, такрор ба такрор бояд гуфт,то ба ҳамаи мо, ба ҳамаи наслҳои ҳазор сол баъд аз мо меомада дарс шавад, сабақ шавад, сабақи таърихӣ шавад. Наслҳои пасин бояд бидонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ин бало ва офати пурдаҳшатест, ки дар як они воҳид хуррамиҳоро ба хазон мубаддал месозад ва дар пушти худ коргардонҳое дорад бераҳму шафқат”.
Муаллифи китоб таъкид мекунад, адибон масъул ҳастанд, ки комёбиҳои диёрро васф намуда, аз қаҳрамонии фарзандони халқ, аз ҷумла пешвои миллат сухан гӯянд ва симои барҷастаи ӯро равшан гардонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |