Тавсифи Бонки миллӣ аз кори худ: Ҳамагӣ 17 ташкилот муфлис шуд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, сару садо дар бораи муфлис шудани теъдоди зиёди ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар асос надорад.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот таъкид кардааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон бе сабабу далелҳои қотеъ фаъолияти ягон ташкилоти қарзиро қатъ намекунад: “Баръакс вазъи бади молиявӣ бархе аз ташкилотҳои қарзиро водор намудааст, ки фаъолияти худро қатъ намоянд”.
Тибқи итилои Бонки Миллӣ то имрӯз, 29 март, иҷозатномаи 16 ташкилоти қарзии хурд ва 1 адад фонди қарзӣ бо дархости худи онҳо бозхонд шудааст: “Дар 17 ташкилоти номбурда 38 нафар кор мекард. Бо ин миқдор мутахассис дар як вақт анҷом додани чандин амалиёти бонкӣ имкон надорад. Дар бораи сатҳи баланди хизматрасонӣ ба муштариён хоҷати гап ҳам нест. Зеро баъзе аз ин ташкилотҳо ҳатто суроғаи муайян ва дафтари корӣ надоштанд ё қисме аз онҳо дошта бошанд ҳам дар як шароити барои хизматрасонии молиявӣ номусоид амал мекарданд. Метавон гуфт, ки дар аксарияти онҳо муддатҳои тулонӣ ягон амалиёти бонкӣ гузаронида намешуд, ҳисоботҳои молиявиашонро пешниҳод намекарданд. Саҳми онҳо дар ҳаҷми умумии пешбурди фаъолияти бонкии ташкилотҳои қарзии хурд хеле ночиз буд. Вақтҳои охир ин ташкилотҳо барои зиёд намудани сармояи оинномавиашон ҳатто кӯшиш ҳам намекарданд”.
Дар идома Бонки Миллии Тоҷикистон аз иқдомаш барои танзими вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ тавсиф кардааст. “Пӯшида нест, ки солҳои гузашта қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идоранашаванда мегардид, миёни қурби расмӣ ва бозорӣ тафовути калон ба миён меомад ва ин боиси нороҳатӣ ва нигаронии шаҳрвандон мегашт. Ин омил сабаб шуд, ки тибқи ислоҳоти нав нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, иҷрои вазифаи онҳо ба ташкилотҳои қарзӣ дода шуд. Табиист, гузариш ба низоми нав ва амалӣ шудани ҳама гуна ислоҳоту меъёрҳо вақту замонро талаб мекунад. Имрӯз бо ташкил намудани марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ вазъият тағйир ёфтааст ва тавре шоҳид ҳастем, дар муқоиса бо беқурбшавие, ки соли гузашта ва моҳи аввали соли равон дида мешуд, ин ҷараён хеле ба танзим даромада, ҳоло қурби расмии БМТ бо қурби бозорӣ баробар шудааст”.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ айни ҳол ба ҷойи нуқтаҳои мубодилаи асъори басташуда, 129 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ кушода шудаанд: “Дар маҷмуъ шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 4 ҳазор ададро ташкил медиҳад”.
Бонки Миллӣ таъкид кардаст, ки мақсад аз гузаронидани ислоҳоти ҷадид ба талаботи ҷаҳони муосир ва стандартҳои соҳавӣ мутобиқ намудани низоми бонкии кишвар ва ба ин васила дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодиёти воқеии ҷумҳурӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |