Бахшҳо

Иддаои нави муттаҳамони қатли кормандони комиссариат: Моро низ латукӯб карданд

Муттаҳамони қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар мурофиаи додгоҳӣ иддао кардаанд, ки аз ҷониби кормандони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.

Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, дар курсии айбдорӣ барои ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ 6 нафар нишастаанд. Манбаъ гуфт, гумонбарон дар ҳамлаи маргбор ба кормандони комиссариат зимни мурофиа дар додгоҳи шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки онҳо низ аз ҷониби намояндагони мақомот мавриди латукӯб қарор гирифтанд ва нисбати онҳо низ чораандешӣ шавад: “Муттаҳамон аз додраси парванда дархост намудаанд, ки нисбати кормандони мақомот низ барои латукӯб қарори қонунӣ қабул карда шавад”.

Манбаъ афзуд, додрас дархости ҷониби судшавандаҳоро барои тафтиш ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол намуда, то анҷоми он мурофиаҳои додгоҳиро ба таъхир гузошт.

Дар баробари Умедҷони Амрохон 5 нафари дигар – Шоҳинҷон Сафаров, Шарифҷон Раҳматов, Одилҷон Мирзоев, Наврӯзҷон Мирзоев ва Ҷумъахони Давлатшоҳ гумонбарони ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар курсии айбдорӣ нишастаанд.

Қаблан Вазорати умури дохилӣ Умедҷони Амрохон, сокини 21-солаи шаҳри Кӯлобро муттаҳами асосӣ дар қатли кормандони комиссариат муаррифӣ кард. Тибқи иттилои ин ниҳод Умедҷони Амрохон ва Шарифҷон Раҳматов соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябри соли 2015 дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пулод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи комиссариати мазкур - Рустам Саъдуллоев муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.

Умедҷони Амрохон дар навори нашркардаи ВКД иброз намуда буд, ки “аз хона ба ҷои кор омада истода будем, ки шахсони номаълум омада, салом доданд. Чор нафар буданд, ҳар чорашонро бо кордча задам. Кордчаро як моҳ қабл аз бозор харида будам”.
Мӯҳр
апрарпар
Дар хакикат баъзе бе фаросато бачахоро хангми дар кучву хиёбонхо дастгир намудан бе пурсиш берахмна мезананд. Ин бефаросато аклсолим надоран намедонам..............

Окибати облава хамин аст. Мисол холо чавонон аз бекори ва вазъи бади Россия ихтиёран ба хизмат омада истодаанд, аммо бо вучуди ин кормандони ин макомот яъне комисариат барои пора, облаваро кат намекунанд. Шахсоне, ки холо то шаш мохашон намерасад аз кади куча ва аз хонахояшон облава карда мебаранд. Дар холате, ки плани даъват пур шудаистодааст ин ходисахо чи лозим. Вакти он омадааст ки ба сафи куввахои мусалах чавонони солимро даъват кунанд, аммо комиссияи тиби шахсони ба хизмат носолимро низ, солим нишон дода ба сафи куввахои мусалах гусел мекунанд. Агар падарашон пул дихад мегардонанд вагарна равон мекунанд. Мана дар маколаи 2-мох пеш чавоне, ки уро бо чунин рох ба аскари бурданд аз 2- гурдааш махрум шуд. Чаро нисбати фарзандони мардум чунин беахмияти мекунанд? Одам будан даркор ва ин кор ба шаъни мардуми мусалмон намезебад. То кай дар хамма сохахо корупсия амал мекунад. Ин боиси он мешавад, ки мардум хис мекунад, ки дар назди конун кадре надорад ва ба хар конуншикани даст зада ва чунину чунон мекунанд. Аввал конун бояд макоми мардумро дар чомиа, химоят кунад, бад дар он хол мардум конунро риоя мекунанд. Озодагон илимос чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)