Дастури Убайдуллоев барои насби дурбин ва дастгоҳҳои кашфи ҷисмҳои метталӣ дар масҷидҳо
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе хостори насби камераҳои мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои муосири кашфи ҷисмҳои метталӣ дар кулли масоҷиди панҷвақта ва ҷомеаи пойтахт шудааст.
Оқои Убайдуллоев далели ин тасмимро “пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуб, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти намозгузорон” унвон карда, таъкид намудааст, ин дастгоҳҳо бояд аз ҳисоби худи масоҷид насб шаванд.
Шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи рӯзи 28 март ҳамзамон супориш додаааст, ки чунин муқаррарот дар муассисаҳои тиббӣ ва маориф, тарабхона, марказҳои савдою маишии шаҳр низ ҷорӣ гардида, назорати фаъолияти доимии онҳо аз сӯи мақомоти дахлдор таъмин шавад: “Бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва зарфиятҳои мавҷуда, баҳри зери мушоҳидаи маҷмӯӣ қарор додани фаъолияти камераҳои мазкур ва ташкили базаи ягонаи иттилотию назорати интерактивӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар муҳлатҳои кутоҳтарин барномаи махсус тарҳрезӣ ва мавриди амал қарор дода шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |