Бахшҳо

Андуҳи бузург ва нафрати беандозаи Э.Раҳмон аз ҳамлаи маргталабона дар Покистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи интиҳорӣ дар Покистон унвонии сарвазири он кишвар -- Муҳаммад Навоз Шариф барқияи таслият ирсол намудааст.

Дар он аз ҷумла омадааст, “хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ, минҷумла занону кӯдакон ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо нафар бар асари таркиши даҳшатангез дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи бузург ва нафрати беандозаи ин ҷониб гардид".

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон бар зидди терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем: "Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба халқи кишвари дӯсти Покистон ва наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем”.

Ин таркиш дар ҳудуди боғи “Гулшани Иқбол”-и шаҳри Лоҳури Покистон дасти кам 65 кушта ва бештар аз 200 захмӣ бар ҷой гузошт. Бештари қурбоншудаҳо занону кӯдаконанд. Масъулияти ҳамларо созмони “Ҷамоати Аҳрор” бар уҳда гирифтааст.
Мӯҳр
Худо рахмат кунад ин шахидшудагонро. Чаноби Оли хамдардии ин ду чавоне ки мурдахояшонро тарики хавопаймо ба ватан фиристоданд, фаромуш накунед ё 1000 нафар куштагони мухочирро дар як сол аз кишвари Россия, низ фаромуш накунед. Як бор тарики телевизон хамдарди баён кунеду як бор нота ба сафорати Россия равон кунед ё чавонони фаолатонро ташкил кунед ба гирдихамои дар назди сафорати Россия мисле ки дар назди дафтари аврупо ва сафорати Туркия ташкил кардед, бисёр хуб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)