Модари 50-сола: Писарам гуноҳ надорад
Мақомоти кишвар алайҳи як ҷавони тоҷик бо ҷурми зархаридӣ парванда боз кардаанд. Аммо модари ӯ мегӯяд, писараш гуноҳе надорад.
Сайлӣ Маҳмадназарова мегӯяд, наздики ду моҳ аст, ки писараш дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО нигаҳдорӣ мешавад. Ба қавли ин зани 50-сола фарзандаш -- Ҷӯрабек Мирзоғоибов, ки дар гузашта ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия буд, аз 4 феврал ба ин сӯ дар боздошт қарор дорад. Ин зан мегӯяд, шоми 4 феврал Ҷӯрабек бо даъвати як дӯсташ бо номи Ҳабиб ба назди мағозае рафт ва боздошт шуд. “Ман соҳиби 3 фарзанд ҳастам, ки дутоаш маъюбанд. Шавҳарам кайҳо фавтидаасту дар шаҳри Душанбе иҷоранишин ҳастем. Худам фаррош шуда кор мекунам ва Ҷӯрабек ягона нафаре буд, ки зиндагии моро пеш мебурд. Ҳоло намедонам чӣ кор кунам”,-илова намуд вай.
Сайлӣ Маҳмадназарова аз писараш донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ, немисӣ ва хитоӣ ном бурда гуфт, бо сабаби мушкилоти зиндагӣ натавонист таҳсилашро то охир давом бидиҳад.
Модари Ҷӯрабек мегӯяд, унвонии Дастгоҳи раисҷумҳур, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КДАМ ва СММ муроҷиат карда, хостори расидагӣ ба қазияи писараш шудааст: “Аз КДАМ ва Прокуратураи генералӣ ба номаи ман ҷавоб доданд, ки Ҷӯрабек Мирзоғоибов бо моддаи 401 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (зархаридӣ) айбдор шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст”.
Сафархӯҷа Назаров, муфаттиши ин парванда дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, модари Ҷӯрабекро аз тамоми ваҷҳҳои парванда огаҳ кардаанд ва наметавонад маълумоти бештареро ироа созад. Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Назаров, вакили дифои Ҷӯрабек гуфт, тафтишот муайян кардааст, ки ӯ тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” чандин нафарро ба Сурия даъват кардааст.
Аммо хонум Маҳмадназарова афзуд, танҳо ду маротиба иҷозаи дидор бо писарашро дошт ва ӯ таъкид кардааст, ки “гуноҳе надорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |