Қабули бинои нави 135 миллионии Кумитаи андоз
Ҳукумати Тоҷикистон қарори комиссияи давлатӣ дар бораи қабули бинои навбунёди Кумитаи андозро тасдиқ кардааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” бинои нави Кумитаи андоз, ки анҷоми сохтмонаш борҳо ба таъхир афтод, ниҳоят аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул шуд: “Комиссияи қабули давлатӣ арзиши биноро 134 миллиону 610 ҳазору 550 сомонӣ тасдиқ кардааст”.
Бинои навбунёди Кумитаи андоз, дар маркази Душанбе, дар рӯбарӯи Қасри Миллат ҷойгир буда, бо супориши Президент сохтмонаш бояд то охири соли 2014 анҷом меёфт, ки амалӣ нашуд. Тибқи иттилои расмӣ бино аз 12 ошёнаи асосӣ, беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ ва қариб 200 утоқи корӣ иборат мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |