Шикояти Зумрад Наҷмиддинова аз 5 соли ҳабси шавҳараш

Зумрад Наҷмиддинова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки додгоҳи ин ноҳия шавҳарашро 8,5 сол равонаи зиндон кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди шикоятҳояш ба ниҳодҳои баландпояи кишвар аз ин ҳукм ҳанӯз посухи мушаххас нагирфтааст.
Зумрад Наҷмиддинова ба дафтари “Озодагон” омада гуфт, баъди як муноқиша бо ҳамсоя додгоҳ 22 апрели соли 2015 ҳамсараш -- Ғанихон Назаровро дар авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ муҷрим шинохта, 8,5 сол аз озодӣ маҳрум сохт. Ба қавли хонум Наҷмиддинова, аз ин ҳукм ба додгоҳи вилояти Хатлон шикояти касатсионӣ бурд ва 3,5 сол аз муҳлати ҷазои ҳамсараш кам карда шуд: “Аммо ҳеч далеле барои панҷ сол ҳабс кардани шавҳари ман нест. Дар мурофиаҳои судӣ чизе исбот нашуд”.
Ӯ иддао дорад, аслан дар ин қазия на шавҳари ӯ, балки дигарон ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд: “Ин кор ҳамин хел шуд, ки як рӯз ҳамсарам аз кори савдо, аз бозор ба хона омад. Ҳамин вақт писари бародараш бо даҳону бинии варам омада гуфт, 5 писари ҳамсоя ӯро заданд. Шавҳари ман барои маълум кардани сабаби ҷанҷол рафт, аммо онҷо дашномаш карданду мехостанд, ки латту кӯб кунанд ва ӯ гурехта ба хона омад”.
Зумрад мегӯяд, баъди чанд лаҳза 5-6 нафар аз наздикони писари ҳамсоя ба ҳавлиашон омада, муноқиша карданд: “Маро низ заданд, ҳуҷҷати суд-экспертизаро дорам. Дар ҳавлии мо сари яке аз онҳо ҷароҳат бардошт ва шавҳари маро ба суд доданд. Мо даъво бурдем, ки ӯро шавҳари ман назадааст, балки рӯи оҳанпораҳое, ки дар ҳавлӣ буд, афтида, ярадор шудааст”.
Ҳамсари Ғанихон Назаров мегӯяд, барои расидагии одилона ба қазияи шавҳараш ба Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Додгоҳи олӣ, Додситонии кул муроҷиат кард, вале ҳанӯз посухи мушаххасе нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, танҳо аз Дастгоҳи раисиҷумҳур мактубе гирифт, ки дар он ба Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулл гуфта шудааст, ин масъаларо дида, аз натиҷааш ба муаллифони муроҷиатнома хабар диҳанд: “Мо интизорем, ки чӣ мешавад. Шунидем ки аз Прокуратураи генералӣ низ ба маҳбасхонаи №7-и шаҳри Душанбе, ки шавҳарам он ҷо аст, мактуб ирсол шудааст, ки бояд то 28 март парвандаи шавҳарам аз нав дида шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |