Рамзан Қодиров иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Чеченистон шуд
Владимир Путин, президенти Русия бо як фармон Рамзан Қодировро иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Чеченистон таъин карда, изҳори умед кардааст, ӯ дар интихоботи қарибулвуқӯъ номзад мешавад.
Панҷуми апрел муҳлати раисҷумҳурии Қодиров поён меёбад ва бино ба иттилои расонаҳои русӣ, Путин дар мулоқот бо Қодиров гуфтааст, интизор аст, ки мардуми Чеченистон дар интихобот хизматҳои анҷомдодаи ӯро ба инобат мегиранд.
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Чеченистон моҳи сентябри соли равон баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |