Шикояти тоҷикон аз депорти бе далел: Ҳуҷҷатҳоро доштем (ВИДЕО)

Ду муҳоҷири тоҷик иддао доранд, ки пулиси рус бе ягон далел онҳоро боздошт кардааст ва суди ин кишвар бе асос қарори ихроҷи онҳоро содир намудааст.
Фарҳод Набиев, муҳоҷири 21 солаи тоҷик ба ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” муроҷиат карда, арз доштааст, ки ӯ ва рафиқашро дар назди метрои “Пражская”-и Маскав маъмурони пулис боздошт кардаанд: “Аз ҳуҷҷатҳо бо худ танҳо ҳуҷҷати бақайдгирии муҳоҷиронро надоштем, вале нусхаашро доштем. Аммо маъмурони пулис гуфтанд, ки ин эътибор надорад. Дарҳол ҳуҷҷатҳои моро ба суд ирсол карданд. 5 ҳазор рубл ҷарима баста, гуфтанд, ки барои тарки Русия 5 рӯз муҳлат доред. Мо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро ба суд пешниҳод кардем, вале судя чизеро ба назар нагирифт” .
Набиев афзуд, ки нисбати ин қарори суд ба марҳилаи болоӣ шикоят бурданд, вале дар посух ба онҳо 10 рӯз барои тарки Русия муҳлат додаанд: “То ҳол номи мо дар рӯйхати Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳаст, вале намедонем, ки бо кадом ҷурм депорт шудаем”.
Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” бо нашри навори муроҷиати муҳоҷирони тоҷик, тасдиқ кардааст, ки дар бисёри ҳолатҳо муҳоҷироне низ депорт мешаванд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро доранд. Ӯ бо зикри ин ҳолат ҷониби Тоҷикистонро дар беамалӣ муттаҳам мекунад, ки ба ҷои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон хомӯширо авлотар медонад.
Дар идома Шарипов муҳоҷирини тоҷикро манбаи даромади маъмурини боздоштгоҳҳои муваққатӣ арзёбӣ кардааст, ки аз депортшудаҳо маблағ меситонанд. “Барои фиристодан ба Ватан ба ҷои 8500 рубл 18000 рубли русиашонро мегиранд. Ҳазор духтарону ҷавонони тоҷик танҳо дар як боздоштгоҳи муваққатии Сахаров нигоҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳо зиёда аз шаш моҳ аст, ки дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд”.
Каромат Шарипов ба ду муҳоҷири корафтода ваъда додааст, ки барои ҳифзи ҳаққи онҳо талош хоҳад кард: “Мо метавонем муборизаҳои зиёд бурда, ҳар дуи шуморо ҳақ барорем ва як танга ба ягон мақомоти рус намедиҳед. Набояд ягон нафар аз кормандони мақомоти рус ба шумо бо бадӣ назар кунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |