China Railway Group бо 45 миллион доллар ба таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара шурӯъ кард
Ширкати чинии China Railway Group рӯзи панҷшанбеи 24 март ба корҳои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Хуҷанд Исфара оғоз кард.
Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, расми шурӯи корҳои таҷдиду азнавсозӣ бевосита бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ гардид. Ба иттилои манбаъ, маблағи умумии корҳои таъмиру сохтмон дар марҳилаи аввали “Лоиҳаи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара” 45 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад: “Аз ин маблағ 38 миллиону 250 ҳазор долларро қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигарро бошад, гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳад”.
Бино ба хабари дафтари матбуоти Президент, роӽ аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноиаш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метр мерасад. Муҳлати анҷоми корҳои таҷдиду барқарорсозии роҳ ду сол муайян шудааст: “Дар рафти корҳо 80 дарсади кормандон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ интихоб мегарданд, ки ин дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо мусоидат менамояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |