Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои таблиғи ДИИШ дар Русия
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иттиҳоми узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” ё ДИИШ боздошот шудааст.
Додситонии шаҳри Санкт-Петербург аз дастгиршуда Давронҷон Давлатов ном бурда, гуфтааст, ӯ дар Тоҷикистон ҳам ба узвият дар ДИИШ айбдор ва таҳти пайгард қарор доррад. Ба қавли Екатерина Беспалова, сухангӯи ин ниҳод, Давлатов рӯзи 14 март дар ҳудуди ноҳияи Киров боздошт гардидааст. Хонум Беспалова гуфтааст, боздоштшуда дар Санкт-Петербург тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи ДИИШ пайваста, дар саҳифааш дар ин шабакаҳо аксҳои ифротгароёна нашр намудавву ба таблиғи ин созмони террористӣ машғул будааст. Сухангӯи додситонии шаҳри Санкт-Петербург афзуда, дар сурати аз ҷониби Тоҷикистон дархости истирдоди Давронҷон Давлатов онро баррасӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |