Бахшҳо

Нигаронӣ аз интиқоли ҳадафмандонаи тоҷикону суриягиҳо аз Русия ба Аврупо

Бархе аз сиёсатмадорҳои Аврупо Русияро дар он муттаҳам мекунанд, ки бо мақсади шиддат бахшидани буҳрони гурезаҳо ҳазорҳо муҳоҷири суриягӣ, афғон ва тоҷикро тариқи Мурманск ба Норвегия интиқол додааст.

Йоханнес Хан, комиссари Иттиҳоди Аврупо дар суҳбат бо рӯзномаи олмонии “Die Zeit” бо ишора ба ин раванд гуфтааст, теъдоди муҳоҷироне, ки аз Русия ба Аврупо интиқол меёбанд, майли афзоиш дорад: “Дар ҳоли ҳозир теъдоди муҳоҷирон, ки аз Русия меоянд, чандон зиёд нест, вале ин раванд паёми нигаронкунанда дорад, зеро Иттиҳоди Аврупо бе ин ҳам таҳти фишор қарор дорад”.

Ба гуфтаи Йоханнес Хан беш аз 5 ҳазор муҳоҷири суриягӣ, афғон ва тоҷик тариқи Мурманск ба Норвегия интиқол ёфтаанд: “Ин нафарҳо солҳо дар қаламрави Русия иқомат доштанд ва ба эҳтимоли зиёд ба Аврупо бо хоҳиши худ раҳсипор нашудаанд”.

Ишораи Йоханнес ба даст доштани Кремл дар интиқоли муҳоҷирон ба Аврупо дар ҳолест, ки Любомир Заоралек, вазири умури хориҷии Чехия низ изҳор доштааст, ки “бародарони славянӣ бо интиқоли ҳадди аксари муҳоҷирон ба мо “кӯмак” карда истодаанд. Мо тасдиқи инро дорем”.
Мӯҳр
сафорат зуд рафта бин, нашин визаб тичорат гуфта, дар ин момент сафир кати коргарош бояд зуд рафта бинанду чора чуянд, ё ки дар турко точики руси намедонад, кормандони сафорат англисию турки, и хели боша нарен ки бо подводит мешен

Руссия хамеша дар фикри худ аст. У хамеша кушиш мекунад, ки ба хамсояву хампаймонхояш мушкили биорад ва онхоро мачбур кунад, ки барои кумак гуломи Россия бошанд. Чи хеле ки чунин ба давлатхои собик шурави мекунад. Максади Россия хамма вакт нопок аст. Аз Руссхо эхтиёт шудан лозим.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)