Суҳбати ихтисосии Меҳрангез Қодирова, коромӯзи “Озодагон” бо Абдумалик Мирзоалиев, мудири кафедраи “Баҳисобгирии иқтисодӣ ва аудит”-и Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон.
-Буҳрони молии ҷаҳонӣ то кадом андоза ба бозорҳои Тоҷикистон таъсир гузоштааст?
Абдумалик Мирзоалиев: Таъсири амиқ ва вазнин. Аммо аслан ин буҳрон буҳрони ҷаҳонӣ набуда, буҳрони минтақавист. Он дар қисме аз кишварҳои дунё, монанди кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Африқо, Австралия, Ҷопон ва баъзе давлатҳои Аврупо мушоҳида намешавад. Ба он кишварҳо бештар буҳрони мигратсионӣ таҳдид мекунад.
Таъсири буҳрон ба Тоҷикистон аз таъсири таҳримҳои давлатҳои хориҷӣ алайҳи Русия аст. Мо ки то андозае вобастаи Русия ҳастем, зуд онро эҳсос мекунем. Масалан, воридшавии маблағ аз ҳисоби муҳоҷирон хеле кам шудааст. Натанҳо камчинии арзи хориҷӣ, балки камчинии пули миллӣ хам ба назар мерасад. Бар илова нархҳо дар бозор боло рафта истодаанд.
-Чӣ бояд кард, то нархҳо дар бозор устувор бошанд?
Абдумалик Мирзоалиев: Роҳи асосӣ ба роҳ мондани истеҳсолот аст. Дар ҳоли ҳозир ягона корхонаи саноатии кишвар “Барқи тоҷик” мебошад. Корхонаҳои боқимонда дар сатҳи миллию давлатӣ он қадар таъсиргузор нестанд. Хоҷагиҳои кишоварзии бузург барҳам хӯрдаанд. Дар соҳаи кишоварзӣ бештар занҳо ҳамчун қувваи корӣ истифода бурда мешаванд. Бояд сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман саноатиро бештар ба роҳ монд. Бояд таъкид намуд, ки хусусигардонӣ дар рушди саноат ва иқтисодиёти кишвар ҳеч нақше набозид, аз ин рӯ онро воситаи асосии амалигардонии ислоҳоти иқтисодӣ шуморидан хатост. Мебояд милликунонии истеҳсолот, аз ҷумла саноат ва кишоварзиро пеш гирифт. Танҳо корхонаҳои давлатӣ метавонанд бо масъулият ва назорати бештар дар пешрафти истеҳсолот саҳм гузоранд. Барои беҳтар ба роҳ мондани истеҳсолот бояд ба истеҳсолкунандаҳо имконият фароҳам оварду сабукӣ дод. Масалан, муқаррар кардани меъёри муайяни андоз, ки ба андозсупоранда вазнинӣ накунад. Корхонаҳои хусусӣ қудрати ба андозаи афзоиши буҷаи давлатӣ зиёд кардани иқтидори истеҳсолии худро надоранд. Вақте корхона бо сабаби буҳрони иқтисодӣ имконияти афзудани даромади худро надорад, ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки афзоиши сармояи корхона нисбати соли пешин бо сабаби гузориши он аз ҷониби муассис ва ё азнавбаҳодиҳӣ мавриди андозбандӣ қарор гирифта, пеши роҳи рушди тавоноии корхона мегарданд.
-Боло рафтани нархи долларро мешавад омили асосии болоравии нархҳо гуфт?
Абдумалик Мирзоалиев: Инҷо даҳҳо омил аст, ки яке аз онҳоро метавон ба доллар нисбат дод. Танҳо асъори миллӣ бояд дар муомилот истифода гардад ва баамалбарории ҳама гуна муомилот бо асъори хориҷӣ, хусусан бо доллар манъ карда шавад. Пул вобаста ба вақт қурб дорад. Як сомоние, ки имрӯз дорем, ба 1 сомоние, ки пагоҳ хоҳем дошт, баробар нест. Қурби сифатии пул аз қурби миқдории он боло меистад. Афзоиши миқдории музди меҳнат илоҷи кор нест, балки мебояд қиммати сифатии пулро боло бардошт. Аслан болоравии нархҳоро ба таъсири манфии омилҳои берунӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ нисбат медиҳанд, дар ҳоле ки бештари маҳсулоти талаботи аввалияи мардум, монанди картошка, сабзӣ, гӯшт, мева, маҳсулоти ширӣ, дар дохили мамлакат истеҳсол мегарданд.
-Мушкилоти ҳалталаби бозор аз нигоҳи Шумо кадомҳоянд?
Абдумалик Мирзоалиев: Танзими нарх зарур аст. Бетанзимӣ ба пайдоиши бозорҳои пинҳонӣ ва ин ба камчинии молҳо бурда мерасонад. Танзими давлатии нархро ба роҳ мондан ҳатмист. Масалан, ҳоло тибқи Кодекси андоз бояд баъзе молҳоро тибқи арзиши одилонаи бозорӣ ба ҳисоб гиранду барои андозбандӣ истифода баранд. Арзиши одилона, яъне, ман розӣ ҳастам ки ҳамин молро бо ҳамин нарх аз шумо харидорӣ кунам ва шумо розӣ ҳастед, ки онро бо ҳамин нарх ба ман бидиҳед. Барои таъмини шаффофияти фаъолияти соҳибкорон, инчунин ба роҳ мондани назорати давлатӣ ва танзими нарх ба фикри ман муносибати патентӣ бояд аз байн бурда шавад, зеро он аз вақти ҷоришавиаш муваққатӣ буд.