Боздошти аъзои гуруҳи ҷиноӣ бо силоҳу маводи мухаддир дар рӯзҳои Наврӯз
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти аъзои як гуруҳи ҷиноятӣ хабар медиҳад, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор муттаҳам мешаванд.
Ин ниҳод мегӯяд, боздошти ин афрод рӯзҳои 21 ва 22 марти соли равон дар пайи амалиёти вижаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сурат гирифтааст. Дастгиршудаҳо се нафар буда, қаблан барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ суд шудаанд: “Зимни кофтукови шахсӣ, азназаргузаронии манзилҳои истиқоматӣ ва дигар пинҳонгоҳҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз ин гуруҳ миқдори калони маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон дарёфт ва мусодира гардид”.
Манбаъ меафзояд, 21 март ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо модддаи 200 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, 1 килою 500 грамм маводи нашъадори навъи ҳероин ва аз дохили дӯкони ҷойи кораш 1 килою 518 грамм маводи нашъадори афюн ва як адад таппончаи тамғаи “Берета” бо як тирдон ва 7 тир дарёфт ва мусодира шудааст: “Инчунин, рӯзи 22 март, аз гумонбаршуда аз махфигоҳе дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 4 килою 010 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид”.
ВУД мегӯяд, “аз аъзои дигари гуруҳ, марди 65-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 200 қисми 3-и КҶ суд шудааст ва марди 42-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо модддаи 228-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст, зимни кофтукови шахсӣ ва азназаргузаронии хонаи истиқоматиашон 9 килою 300 грамм маводи нашъадори навъи афюн ва 940 грамм героин дарёфт ва мусодира карда шуд”.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирашуда 17 килою 268 граммро ташкил медиҳад: “Нисбати гумонбаршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |