Фаронса дар мавриди баргузории ҳамойиш ё саммитҳо дар чанд гоҳи охир боз ҳам худро машҳуртар кард. Чанде қабл, сарони "Хаштгонаи бузург" дар мавзӯи воқеаҳои чаҳони араб, ки онҳоро гӯё "сахт ба тавшиш оварда буд", дар ин кишвар вохӯрда буданд. Акнун дар дили сарони кишварҳои пешгоми "иқтисодиёти ҷаҳон" тасмими сарвазири Юнон Георгиус Папандреу дар мавриди баргузории ҳамапурсӣ оиди кӯмаки молии Иттиҳоди Аврупо ба ин кишвар ва "баҳори юнонӣ" воҳимаву тарс ворид кардааст, ки осемасар сари мизи гуфтушунид ҷамъ омаданд.
Сарнавишти евро чӣ хоҳад шуд?
Амалан нахуствазири Юнон бо ин тасмими охири худ болои маслиҳатҳои гӯё бо ИА (Иттиҳоди Аврупо) пухтааш хати бутлон кашида, бо ин амалаш бар тани бе ин ҳам пурҷароҳати минтақаи ЕВРО зарбаи ҷонкоҳе зад. Гузашта аз ин, порлумони ин кишвар баъди қабули тасмими сарвазир (агар онро қабул кунанд) санаи баргузории ҳамапурсиро 3 моҳ баъд муқаррар хоҳад кард, ки ИА оҷизона ҳамаи ин муддат интизорӣ мекашаду ба ғайри сарфи беҳудаи вақт дигар илоҷе нахоҳад дошт.
Ҳамчунин худи юнониҳо аз он ки 50 дар сади қарзи онҳо бахшида мешавад, чандон розӣ нестанду интизори 60-70 дарсад бахшидани ин қарзҳо будаанд. Акнун порлумони ин кишвар метавонад, бар ивази дастгирӣ накардани пешниҳоди сарвазир Папандреу дар хусуси раъйпурсӣ то 70 дарсад ва аз он ҳам зиёдтар кишварашро аз қарзҳояш раҳоӣ бахшад. Яъне, ин бор гашти аспи юнониҳо барои мот кардани ИА хоҳад буд, ки қабулаш барои ИА ногузир мебошад. Маҳз порлумони Юнон аз мақоли "аз оғили холӣ дида, гови шохзан беҳ" кор хохад гирифт.
Аммо ин бор сарони "Бистгонаи бузург" аз пештар дида, бештар дар мавзӯи пул сухан мекунанд, ки ҷойи тааҷҷуб ҳам нест. Зеро пул барои ҳама лозим аст ва он ҳеч гоҳ зиёд буда наметавонад.
Бахусус Амрико ин навбат аз дигарон дида, бештар ба пул эҳтиёҷ доштанашро изҳор кард. Беҳуда Борак Обама дар арафаи ин нишаст худнамоёна изҳор накарда буд, ки "роҳи ягона ва самарабахши рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ танҳо ва танҳо кӯмак барои рушди иқтисодиёти Амрико мебошад".
Маълум аст, ки Амрико маркази истеъмоли тамоми содироти кишварҳои аврупоӣ мебошад. Агар ки Амрико имконияти истеъмоли ин ҳама истеҳсолоти кишварҳои Аврупоро дорад, пас ин бевосита барои рушди иқтисодиёти кишварҳои аврупоӣ мусоидат хоҳад кард.
Амалан бӯҳрони бамиёномадаи кишварҳои Аврупо нишон дод, ки дар шароити номуайянӣ ва поинравии қурби асъор сармояҳо дар ҳақиқат барои хариди доллар масраф шудан доранд ва метавон гуфт, ки вазъи ногувори Юнон ва умуман кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, ба манфиати Амрико мебошад.
Дар ҳамин ҳол Михаил Шипанов, шореҳи иқтисодии рӯзномаи "Вечерний Москва" дар навиштаи ахири худ дар ин мавзӯъ мегӯяд, дар заминаи ин ҳама берангиҳои молӣ сармояҳо аз пешина дида бештар ба берун хурӯҷ мекунанд. Ба андешаи ин коршинос дар ин чанд рӯзи лаппишҳои иқтисодии ҷаҳони Аврупо беш аз ҳама бозори пули Русия зарар дидааст. Агар дар аввали ин бӯҳрон эҳтимолияти хурӯҷи 40 миллиард доллар аз ҳудуди Русия тахмин зада мешуд, имрӯз аллакай гап сари 70 млрд доллар гаштан дорад.
-Ба андешаи ман, ин умумигӯиҳо ва қарорҳои ғайриҳатмии ин ҳамойиши "бистгонаи бузург" гумон аст, ки тавонад чизеро барои кишвари мо ва дар умум низ тағйир диҳад,- хулоса мекунад коршинос Шипанов.
Ба андешаи коршиносони умури иқтисоди Русия аз ин вазъ барои пасандозгузорандагони бонкҳо муждаи хубтареро метавон расонид. Имрӯз вазъ ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Танқисии пули накд дар партави ҳаводиси кишварҳои Аврупо хоҳу нохоҳ эҳсос хоҳад шуд ва албатта, ки фоизи пасандозҳо дар ҳамаи бонкҳо рӯ сӯи боло хоҳанд давид ва онҳое, ки маблағҳои аз истифода берун доштанду онро дар бонкҳо нигоҳдорӣ менамуданд, дар асоси муфлисшавии дигарон даромадҳои бештаре пайдо хоҳанд кард.
Абӯбакри Файзалӣ, Маскав{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |