Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Шаҳрванди Тоҷикистон барои зӯроварӣ нисбати кудаки ҳамхонааш 18 сол зиндон шуд

Як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳи вилояти Новосибирск барои 18 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр шудааст.
Бино ба иттилои Додситонии Русия, додгоҳ Мустафо Исмоиловро ҳамчунин ба пардохти 800 000 рубл ҷуброни зарари маънавӣ муваззаф кардааст.
Манбаъ мегӯяд, додгоҳ муайян намуд, ки Исмоилов аз моҳи апрел то моҳи июни соли 2015 чандин маротиба ба фарзанди 1,5-солаи ҳамхонааш даст бардошта, як бор духтари 4-солаи ӯро бо сими ноқили барқ задааст: “11 июли соли 2015 Исмоилов аз он ки тифли 1,5-сола куртаи худро тар кардааст, ба ғазаб омада, бо дасташ ба сари тифл чанд маротиба задааст. Дар пайи ин зарбаҳо кудак аз ҳуш рафта, ба комма меафтад. Исмоилов тифлро ба беморхонаи № 1 мебарад. Баъди чор рӯз, вай ба ҳалокат мерасад”.
Манбаъ мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Русия муҷрим шинохта шуда, 18 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Ин муҳлатро дар колонияи ислоҳии низомаш шадид пушти сар мекунад. Бар илова ӯ ба ҷабрдида 800 000 рубл ҷуброни зарари маънавӣ пардохт мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |