Таърихи имрӯз: Анонс, мавлуд, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз
ҶУМЪА. 18-уми март - 77-умин рӯзи сол. То поёни сол 288 рӯзи дигар монда.
+ ИМРӮЗ маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и проффесор Иброҳим Усмонов таҳти унвони “Ҷойи Отахон Латифӣ дар тамаддуни тоҷик” доир мегардад, ки ба 80-умин солрӯзи Отахон Латифӣ бахшида мешавад. Маҳфил соати 17:00 дар бинои Маркази тиҷоратии пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода,45 оғоз мешавад.
+ ИМРӮЗ дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз маҳфили шеъри Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик баргузо мешавад. Макон: Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Оғоз: 17:00.
* Маҳмадвафо Бақоев (1931-1972)- адабиётшинос;
* Олим Бобоев (1958-2011) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Абулқосим Замахшарӣ (1075 – 1144) – адиб, олими форс – тоҷик;
* Зайниддин Искандаров (1947)- доктори илми ҳуқуқ;
* Абдулҳай Комилӣ (1962) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор;
* Отахон Латифӣ (1936 – 1998) – журналист;
* Искандар Мулкамонов (1910 – 1990) – арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон;
* Нозимҷон Нидоев (1958)- доктори илми иқтисод, профессор;
* Мухбил Нўъмонов (1948) – доктори илми химия, профессор;
* Шамсиддин Орумбеков (1956)- Вазири фарҳанг, арбоби фарҳангӣ;
* Маҳмадсаид Пиров (1966) – Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, актёри театру кино;
* Гулбаҳор Тоҷирзода (1991)- шоираи узбекзабони Тоҷикистон;
* Урунбек Ҳамдамов (1946) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
* Худоназар Ҷонназаров (1935) – доктори илми педагогӣ, профессор;
= Дар Сидней пуле бо паҳноии 48,8 метр бунёд шуд, ки дар ҷаҳон назир надорад (1932);
= Дар шаҳри Душанбе протоколи ниҳоии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба савдо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ба имзо расид (2010);
= Қрим ба Русия ҳамроҳ шуд (2014);
^ Шаҳри Душанбе. Абрӣ. Борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 6-8 гарм, рӯзона 15-17 гарм;
^ Навоҳии тобеи марказ. Борони кутоҳмуддат меборад, шабона дар баъзе навоҳии куҳӣ резиши барф дар назар аст. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5-10 гарм, рӯзона 12-17 гарм, дар баландкуҳҳо шабона 0-5 гарм, рӯзона 7-12 гарм;
^ Шаҳри Қӯрғонтеппа. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 5-10 м /с. Ҳарорат: шабона 7-9 гарм, рӯзона 15-17 гарм;
Вилояти Хатлон. Абрӣ. Борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8-13 гарм, рӯзона 14-19 гарм, дар доманакуҳҳо шабона 1-6 гарм, рӯзона 10-15 гарм;
^ Шаҳри Хуҷанд. Абрӣ. Борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 4-6 гарм, рӯзона 10-12 гарм;
Вилояти Суғд. Абрӣ. Борони кутоҳмуддат меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5-10 гарм, рӯзона 13-18 гарм, дар куҳҳо шабона аз 0-5 хунук, рӯзона 3-8 гарм;
^ Шаҳри Хоруғ. Абрӣ. Рӯзона борон, шабона барф меборад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 0-2 хунук, рӯзона 8-10 гарм;
^ Ноҳияи Мурғоб. Абрӣ. Бориш намешавад. Шамол аз самти Шарқ 2-7 м/с. Ҳарорат: шабона 14-16 хунук, рӯзона 9-11 хунук;
ВМКБ. Абрӣ. Бориш мешавад. Шамол аз самти Ғарб 2-7 м/с.Ҳарорат: дар ҒВМКБ шабона -2+3, рӯзона 8-13 гарм, дар ШВМКБ шабона аз 13-18 хунук, рӯзона -1+4.
Маълумот аз торнамои meteo.tj
1 доллар 7.8696 сомонӣ
1 ЕВРО 8.7085
10 рубли русӣ 0,1044
1 манати Озарбойҷон 5.8620
1000 риёли Эрон 0.2603
10 тангаи Қазоқистон 0,2270
10 соми Қирғизистон 1,0905
1 юани Чин 1,2061
1 динори Қувайт 26,0989
1 манати нави Туркманистон 2,2485
1 лири Туркия 2,6923
100 суми Узбакистон 0,2745
Маъмулот аз торнамои nbt.tj
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |