Набераи президент аз вазифааш даст кашид
Нуралӣ Алиев, набераи раисиҷумҳури Қазоқистон ихтиёран истеъфо додааст.
Алиев аз моҳи декабри соли 2014 муовини ҳокими шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон буд. “Солҳои зиёде машғули тиҷорат будам. Шуғли дӯстдоштаам боз кардани холигоҳҳои нави тиҷоратӣ ва рушди имкониятҳои иқтисодии ширкатҳост. Ба ин сабаб ман аз вазифаи муовини ҳокими Остона истеъфо додам ва акнун машғули кори дӯстдоштаам дар фазои тиҷоратӣ мешавам”,-гуфтааст Нуралӣ дар суҳбат бо Tengrinews.kz.
Нуралӣ Алиеви 31-сола, ки таҳсилдидаи Ғарб ва Қазоқистон мебошад, дар вазифаҳои муовини аввали раиси шӯрои иҷроияи “Нурбонк”, муовини раиси шӯрои иҷроияи “Бонки рушди Қазоқистон” ва раиси ширкати “Транстелеком” кор кардааст. Ӯ писари Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев аст, ки ҳоло муовини нахуствазири кишвар мебошад. Падараш Роҳат Алиев дар моҳи феврали соли 2015 дар яке аз зиндонҳои Вена худро овехт. Вай дар робита ба парвандаи “Нурбонк”, ки замоне назорат мекард, зиндонӣ шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |