Дуову фотеҳаи Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Шайх Зойид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Абу Забии Имороти муттаҳидаи Араб аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён дидан кардааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи масҷид ходимони масъул бо эҳтироми хос истиқбол гирифтаанд: “Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек карданд”.
Манбаъ мегӯяд, ба Президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки масҷид соли 2007 ба ифтихори асосгузор ва нахустин раисиҷумҳури Давлати Имороти муттаҳидаи Араб -- Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён бунёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин сафари расмиаш ба Имороти муттаҳидаи Араб дар соли 1995 бо Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти иморот бо Халдун Халифа Ал-Муборак, мудири кулли ширкати "Мубодала" мулоқот кардааст. "Мо стратегияи дарозмуддати рушди миллиро ба неруи мутахассисони соҳибтаҷрибаи дохилӣ ва мусоидати муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ таҳия ва қабул намудем ва иштироки фаъоли ширкатҳои Аморот дар татбиқи ин барнома ҷавобгӯи ҳадафҳои муштарак хоҳад буд",-изҳор доштааст Президенти Тоҷикистон.
Халдун Халифа Ал-Муборак низ гуфтааст, ҳавасманди ҳамкории шарикии дарозмуддат ба манфиати ҷонибҳо ҳастанд: "Ба наздикӣ як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ таҳти сарварии вазири иқтисоди Аморот барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ба Тоҷикистон сафар мекунад".
Дар Абу Забӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал-Хури, мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона дидор кардааст. Дар ин мулоқот оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки “аз мулоқоти дӯстона ва созанда бо Шумо қаноатмандам ва умедворам, ки мо муколамаи неку хайрхоҳонаи худро дар Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома хоҳем дод”.
Президенти Тоҷикистон барои кумакҳо ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён изҳори сипос кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати ҳукуматӣ рӯзи гузашта, 16 март ба Имороти муттаҳидаи Араб сафар кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |