Шарҳи ВКД: “Опел” дар Душанбе натаркидааст (АКС)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтори сабукрави “Опел” дар кӯчаи Айнӣ, дар рӯбарӯи бинои раёсати умури дохилии шаҳри Душанберо шарҳ дод.
Илҳом Назаров, сардори идораи оташнишонии Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор дошт, сӯхтори сабукрав баъди зуҳри 16 март, дар пайи расиши кӯтоҳ рух дода, дар пайи он касе зарар надидааст. Ба иттилои манбаъ, феълан оташ хомӯш шуда, таҳқиқи ҷузъиёти ҳодиса идома хоҳад дошт.
Дар ҳамин ҳол, торнамои расмии ВУД мегӯяд, сабукрави оташгирифта "Опел-Вектра" буда, рақами давлатиаш 84-10 СА 01 ТЧ мебошад ва ба ронанда Баҳодур Шарифов , соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Клара Сеткинаи шаҳри Душанбе тааллуқ дорад.Аксҳо аз ҷои ҳодиса:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |