Душанбе нархи барқ барои Қирғизистонро боло бурдаст
Тоҷикистон нархи барқашро барои Қирғизистон боло бурда, пешниҳод кардааст, ки ҳар киловат ба ивази 3,2 сент харидорӣ карда шавад.
Дар ин бора Айбек Калиев, роҳбари Холдинги миллии энергетикии Қирғизистон зимни баромадаш дар парлумони ин кишвар хабар додааст.
Калиев изҳор доштааст, ки соли гузашта Қирғизистон ҳар киловат нерӯи барқи Тоҷикистонро ба ивази 2,5 сент харидорӣ мекард. Ин масъули Қирғизистон болоравии нархи барқро ба он рабт додааст, ки Тоҷикистон барқаш ба Афғонистонро бо нархи 3,2 сент сари ҳар киловат содир мекунад: “Феълан гуфтушунид дар мавриди нарх бо Тоҷикистон идома дорад ва дар сурати созиш Қирғизистон ба хариди барқ оғоз мекунад”.
Тоҷикистон ҳамасола дар фасли гармо имкони истеҳсоли миллиардҳо киловат нерӯи барқи зиёдатиро дорад. Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми имсолааш ба парлумон изҳор дошт, ки “соли гузашта 5 миллиард киловат нерӯи барқи зиёдатӣ доштем. Агар онро 5 сентӣ мефурӯхтем, 250 миллион доллар ба буҷаи давлат ворид мешуд”.
Раисиҷумҳур барои рафъи ин мушкил бунёди хатти интиқоли “САSA-1000”-ро муфид хонд, ки сохтмони қисмати тоҷикистонии он имсол оғоз мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |