АКС: Роҳбандии ҳаррӯзаи панҷсоата ба хотири “Карнавали наврӯзӣ”
Шурӯъ аз 15 март то остонаи ҷашни Наврӯз роҳи марказии шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд барои панҷ соат баста мешавад.
Тавре аз ҳукумати вилояти ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ин иқдом ба хотири омодагиҳо ба нахустин “Карнавали наврӯзӣ” гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза барои тамрин ё “маршировка”-ҳои наврӯзӣ аз соатҳои 09:00 то 14:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи асосии шаҳр - Исмоили Сомонӣ манъ хоҳад шуд.
Ба маршировкаҳои наврӯзӣ дар маҷмӯъ шаш ҳазор нафар, бо шумули кӯдакону хонандаҳои мактаб ва донишҷӯён ҷалб шудаанд. Ориф Набиев, раҳбари Раёсати фарҳанги вилояти Суғд имрӯз, 16 март ба “Озодагон” гуфт, ҳанӯз санаи баргузории “Карнавали наврӯзӣ” дақиқ нест.
Хабарнигори “Озодагон” ба маҳалли тамринҳо рафт ва чанд аксе ҳам бардошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |