Пешгӯии обуҳавошиносон ва ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои боронӣ дар кишвар то 20-уми март боқӣ хоҳад монд.
Дар ин бора ба "Озодагон" имрӯз, 16 март Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази обуҳавошиносӣ иттилоъ дода, афзуд, ки аз 21 то 23 март ҳаво дар Тоҷикистон офтобӣ хоҳад буд: "Баъди 23-юми март боз боришоти борон дар назар аст".
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон имрӯз, 16 март бо пахши як муроҷиатнома аз сокинони кишвар хост, дар рӯзҳои боронӣ бе зарурият тариқи шоҳроҳҳо сафар накунанд.
Ориф Нозимов, сухангуи ин ниҳод дар шарҳи муроҷиатнома ба “Озодагон” гуфт, “аз аҳолии кишвар эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати эмин доштани саломатии худ ва наздикон аз ҳаргуна фаъолият дар кӯҳсор, аз ҷумла, кишту кор, шикор, ҳезумчинӣ ва дигар корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд".
Нозимов афзуд, "таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар рӯзҳои баҳорӣ нохушиҳо, ба монанди гум кардани роҳ ҳангоми туманнокӣ, фавти одамон ҳангоми раъду барқ, афтидан ба чуқуриҳо ва ҷариҳо, ҷароҳатбардорӣ ва ё фавт ҳангоми тарма, сел, ярч ва сангрезӣ зиёд рух медиҳанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |