Даъвати хориҷиҳо ба мулоқоти анъанавии Э. Раҳмон бо зиёиён
Мулоқоти анъанавии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиёни кишвар имсол бо ҳузури адибони хориҷӣ баргузор мешавад.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар мулоқоти имсолаи раисиҷумҳур бо зиёиён, ки рӯзи 19-уми март дар Душанбе баргузор мегардад, адибони ҳавзаи Наврӯз низ иштирок мекунанд.
Меҳмонони хориҷӣ дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд, ки масъалаи ташкили ин ҳамоиш дар мулоқоти гузаштаи раисиҷумҳур бо зиёиён ба миён гузошта шуд. Шоира Гулрухсор Сафиева 19 марти соли 2015 зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зиёиён дар Кохи Наврӯз пешниҳод кард, ки ҳар сол дар Тоҷикистон базми шеъри Наврӯзи байналмилалӣ барпо карда шавад ва раисиҷумҳур аз он ҳимоят кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |