Бахшҳо
15 мар 2016 11:48Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ин бор аз Отахон Латифӣ мегӯянд

Маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и проффесор Иброҳим Усмонов ба 80-умин солрӯзи Отахон Латифӣ бахшида мешавад.

Тавре аз Фонди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мавзӯи маҳфили 18 март “Ҷойи Отахон Латифӣ дар тамаддуни тоҷик” хоҳад буд: “Дар он шогирдону дӯстони журналист суханронӣ мекунанд”.

Ба иттилои манбаъ, ин маҳфил дар ҳамдастӣ бо Шӯрои ВАО ва НАНСМИТ соати 17:00-и 18 март дар бинои Маркази савдои пойтахт, воқеъ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода,45 оғоз мешавад.

Отахони Латифӣ, узви Комиссияи оштии миллӣ ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон буд. Ӯ субҳи 22 сентябри соли 1998, дар 62-солагӣ дар назди манзилаш дар Душанбе кушта шуд.

Отахони Латифӣ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, фориғутаҳсили бахши журналистикаи донишгоҳи шаҳри Ленинград (Санкт-Петербург)-и Русия буд. Ӯ дар рӯзномаҳои машҳури замони Шӯравӣ -- “Комсомолская правда” ва “Правда” кор кардааст. Отахон Латифӣ аз соли 1989 то соли 1991 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Вай охирҳои соли 1992 Тоҷикистонро ба қасди Русия тарк намуда, баъди ду соли зист дар Маскав ба Теҳрон рафт.

Дар нахустин даври музокироти сулҳи тоҷикон дар Маскав соли 1994 раҳбарии ҳайъати Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар уҳда гирифт ва то замони ба ин ҷараён пайвастани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва баъдан худи раҳбари аввали Иттиҳоди нируҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ, музокиротро бо ҳукумат аз тарафи мухолифин пеш бурд. Латифӣ моҳи сентябри соли 1997 баъди имзои созишномаи сулҳ дар 27 июн ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ба Душанбе баргашт. То замони кушта шуданаш ба ҳайси раиси зеркомиссияи ҳуқуқии комиссияи оштии миллӣ фаъолият дошт.
Мӯҳр
Латифи бисёр инсони хоксор буд ва дар даврахои рузхои аввали истиклолияти Точикистон хизматхои нихоят бузург карда буд. У дар ташкили сулхи мухолифин ва хукумати Рахмон яке аз накшхои бузургро бозидааст. Ман ёд дорам талошхои уро ва хакикатчуихои у дар он замон аз ёди хеч кас намеравад. Афсус, ки пас ба вукуъ омадани сулх чунин шахсони хакикатчуи точик хадафи душманони миллат гашт. Рухаш шод бод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)