Бахшҳо

Гузориши кӯтоҳи Р.Мирзо аз роҳбандӣ барои сафари Президент

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик, суҳбати мусофирон дар як мошини мусофирбари Душанберо нашр кардааст, ки субҳи имрӯз, 15 март дар роҳбандӣ дармондаанд.

Дар пасманзари роҳбандиҳо барои таъмини ҳаракати бемонеаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Рӯдакӣ, Раҷаби Мирзо дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, ки аз назди бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе то бинои телевизиони “Сафина” тайи 1 соату 24 дақиқа расидааст. Рӯзноманигор тайи ин муддат суҳбати ҳамсафаронашро гӯш карда, дар шакли гузориши кӯтоҳ дар сафҳаи фейсбукияш нашр намудааст ва “Озодагон” низ бе тағйири шеваи суҳбат ин “гузориши кӯтоҳтарин (дарозтарин)-и асри 21”-ро пешкаши хонандаҳо мекунад:

15 -уми марти соли 2016.Тоҷикистон. Шаҳри Душанбе. Маршрути мусофиркаш. Бозори "Султони Кабир". Мошин якбора меистад. Соат 7.40 дақ. Садо аз дохили мошин: "Безор шудем аз ҳамин "пробка"". "Э не пробка нест, бин, ун тарафи раҳда ягон мошин наомадестай". "Значит ҷаноб куҷое мерава". "Ҳо саҳар радио мегуфт, ки ноҳияи Рӯдакӣ мерава". "О Рӯдакӣ мерава, чиба Душанбера маҳкам мекунан?" "Ҳама дасти хдшондаай, куҷоера бхоҳан маҳкам мекунан". "Ҳамаш айби қайчифурушо)))". "Мегум фикр мекунан хдшон тоқа кор мекунан, о мо ҳам зану кудак дорем, ай як нола нонмон мемонем, охи". "Ношугрӣ накунен, ҳамувоам барои мо кардестан" "Мо коршон надорем, чкоре хостестан кардестан, ақаллан мода кор нагиран"....

Соат 8.20. Гардиши Сирк. Мошин базӯр мегузараду меистад. Садо аз салони маршрут: "А бача, и пробка бас набуд, ки бо ту мошинта манъ кардӣ?". Ронанда: Ака, айби маай баъд? Бин ними одамом фаромадан. Чӣ ма холӣ брам? Дар и пробка ҳамаи соляркам тамом шуд!". "Ҳов дар и Тоҷикистон ҳич кас гуноҳ надора, моем гунаҳкор ки инҷа зиндагӣ мекунем". "Э ака, рафтанмонам беҳудаай, всеравно то текстила пробкаай олӣ"....
ТВ "Сафина". Соат 9.04 дақ. Дер шуд ё айб?


Дар ҳоле, ки шикоятҳо аз роҳбандиҳо дар Тоҷикистон ҳангоми сафари раҳбари давлат ва меҳмонони воломақоми хориҷӣ дар ҳоли афзоишанд, “Озодагон” фикри корбаронашро мепурсад, ки чӣ бояд кард, то мардум ва Президент зимни сафарҳояшон ба ҳамдигар халал нарасонанд?
Мӯҳр
Ронанда
Р Мирзо дар хаетат як дарахт шинондаи? Садкаи неъматхои ватан шави. Мо хамаи пробкара токат мекунем барои тенчиву осудагии кишвар!

ДДДДД
Озодагон ть ва и мардак чи кор дори охи барои рахбандиву рахкшоида оли хтам барои точикистон и кадар хизмат мекади мумкин мо мардм як соат не ба фикрм я сутка дар пропка мемондем оши чонш шава кичое мерава, ё рахра махкаме мекна мо интизор мешеаве барои ки барои бехбудии кишварай

одил
да ҳамин кризс хамашон сафар накунанд чунки на моро ва на мардуми бечораро ва на талабаҳои мактабро ғам бтянд
ай сахар гуед ки хама холо чухтанд вой дод

Ба Ронанда ва ДДДДД,
Маълум, ки аз фабрика ҳастед. Аммо агар шумо табъи ғуломиву одати ҳалқабаргӯшӣ доред, ҳалолатон бод. Лек гумон накунед, ки мардум ҳама мисли шумост.
Президент, сарвазир ва ҳама вазиру кабирҳои дигар ҒУЛОМИ халқанд. Халқ онҳоро интихоб карда то мушкилиҳоро кам кунанд, на ин ки худашон мушкилӣ офаранд!
Раҷаби Мирзо журналисти боҷуръат аст ва дар ягон "движениҳо" олуда нест, барои ҳамин рисолати рӯзноманигориашро иҷро мекунад. На ба монанди шумо, дар кабинетҳои ниматорик нишаста, музахрафот мегӯед.

Озодагон чоп кунед.

Худо нигохат дорад ва кувватат дихад Рачаби Мирзо!

Ronanda 2
Ронанда,
"барои тенчиву осудагии кишвар!" ???
Nahod probka ham baroi obodiyu osudagi boshad. Ohir ba nohiyai Rudaki raftan in nazdi Abuabdullo Rudaki ratan nest ku. Dar Avrupo prezidentho futboltamosho jo ba teatr jo ba kino bo halk yakjo meravand, kase ham parvo nadorad onho kiyandu kujo meravand.

Sadkai nonu namaki vatan knata 1 t toka namondai moram monda bdem hej gap ne hdtona hamadon nagiren chop kn tram ozodi

ХАЙРИЯТ ДАР МИЛЛАТИ ТОЧИК ХАМ 1 МАРД БУДАЙ ОФАРИН РАЧАБИ МИРЗО СУСТ НАМОН БА БАЪЗЕ ЛАГАНБАРДОРОН АХМИЯТ НАДЕХ ОФАРИН

Велик гирен бародаро. Шкамотон дам кадаги ай дастаи мошинсвори)))

АБДУЛЛОХ,
Офарин Рачаби Мирзо! Сухани х,ак, гуфтан вазифаи х,ар як шах,рванд бояд бошад! Аз тарсу будану хок пошидан ба ч,ое нарасидему намерасем!!! Озодагон шумо озодед илтимос чоп кунед!

Гаишник.
хами рачаби мирзоеыай е мирзоюф рачабай,мошин дора?Агар хамин рачав мирзо мошинша номрша тие,хар руз ду соати маьнуш мекунум,ана хами худум..Ман ба кариби звани маер мегирум..Хукумат ма хастум на хамин типаграфчи.

Rajab Mirzo ofarin, hamihe problemoora bardored to ko BDA hal kunad, Vazir , Prezident kase nabowa da hizmati halqan.manfiati halqa boyad fijrwa knan na in ki 1odama

Танхо таки ватан ман коргари шабакаи авал будам дилам аз Точикистон хунук шуд

Комрон
Мана ба Шумо бехтарин пешниход: Биеед як бои дигар миенхоямонро сахт бандем ва ба президент барои харидани як верталет сум чам кунем. Бад на ягон пробка мешаваду на ягон малоли. Ягона тарафи манфии ин пешниход, дигар вазирхо инро дида хасад мебаранд: чаро мо ин гуна вертолет надорем? Бад боз аз гиребони мо мекапанд. Яъне дар хар сурат мо тарафи бой медодаги хастем :)

ABDULLOH
Rajabi Mirzo! ALLOH schumo va schuumobarin haqguhoro hifz kunad!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)