Пирӯзии собиқадорони футболи Тоҷикистон бар Афғонистон
Тими собиқадорони футболи Тоҷикистон дар як бозии дӯстона собиқадорони футболи Афғонистонро шикаст дод.
Бино ба иттилои торномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дидори рафиқонаи собиқадорони футболи Тоҷикистон ва Афғонистон шоми дирӯз, 14 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбен бо ҳисоби 3:1 анҷом ёфт.
Ба иттилои манбаъ, ду голи собиқадорони тоҷикро Суҳроб Ҳамидов, ҳамлагари пешини тими миллӣ ва як голи дигарро Шуҳрат Шамсиев вориди дарвозаи ҳариф сохтанд. Голи ягонаи собиқадорони футболи Афғонистонро Муҷтабо Файз Забеҳулло задааст.
Ин сеюмин бозии собиқадорони Афғонистон ва Тоҷикистон мебошад. Қаблан меҳмонон бо собиқадорони академияи футболи “Истиқлол” (5:5) ва бо собиқадорони дастаи “Панҷшер” (2:1) қувва озмуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |