Сафари Э.Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ: Аз гузоштани санги асоси Маҷмааи фарҳангӣ то буридани лентаи бинои 5-ошёна
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон сафари худро аз ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ бо нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шурӯъ кард.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, маҷмаа дорои кӯдакистон барои 200 тарбиятгиранда, корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ, толори варзишӣ барои машқи 200 нафар дар як баст ва маркази савдо бо 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст: “Маблағи умумии арзиши лоиҳа 30 миллион сомонӣ буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сохтмончӣ ҷалб мегардад. Баъди ба истифодадиҳии маҷмааи мазкур наздики 3 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Бунёди маҷмаа аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров ба роҳ монда шуда, бояд давоми ду сол сохта шавад. Лоиҳаи муосир аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Селтехпроект" омода гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саманди Сомон” анҷом медиҳад”.
Манбаъ мегӯяд, маҷмаа дар майдони умумии 5 гектар, дар ҳудуди шаҳраки Сомониён сохта мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисчиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои истиқоматии 9-ошёна оғоз бахшидааст: “Бино аз 85 хонаи як ва ду ҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар ба нақша гирифта шудааст”.
Манбаъ мегӯяд, Президенти кишвар дар ноҳияи Рӯдакӣ як бинои истиқоматии 5-ошёнаро ҳам ифтитоҳ кард: “Баъди буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи аввал Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист дар хонаҳо шинос шуда, ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим намуд. Бинои истиқоматии 5-ошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ иборат мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |