Занозании навбатӣ миёни кӯчарӯбҳои тоҷику узбак дар Маскав
Мақомоти пулиси Маскав аз ҷанҷоли навбатӣ миёни даҳҳо кӯчарӯби тоҷику узбак дар ҷануби ин шаҳр хабар дод, ки шоми 14 март рух додааст.
Ба иттилои манбаъ ба пулис роҳгузарон хабар додаанд, ки дар кӯчабоғи Қафқоз дар ҷануби Маскав ҳудуди 50 нафар байни ҳам задухӯрд доранд: “Баъди ҳозир шудан ба ҷои ҳодиса 28 иштирокчии муноқиша боздошт шуда, ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд”.
Тибқи иттилои расонаҳои русӣ дар пайи бозпурсӣ муайян шудааст, ки муноқишагарон кӯчарӯбҳои тоҷику узбак мебошанд, ки барои қаламрави кор миёни ҳам занозанӣ кардаанд: "Дар пайи муноқиша бинии як нафар шикаста, чанд нафари дигар осеби ҷиддии ҷисмонӣ дидаанд".
Ин чорумин ҳолати занозании гуруҳӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон дар Маскав мебошад, ки тайи як моҳи охир расонаҳои Русия аз он хабар додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |