Бахшҳо

Боздошти “Анвари Хирс” дар Хоруғ аз сӯи Кумитаи амният

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошти Анваршо Имроншоев муллақаб ба “Анвари Хирс” дар шаҳри Хоруғ хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва паҳнсозии он миёни ҷавонон муттаҳам мешавад.

Бино ба иттилои мақомот “Анвари Хирс” рӯзи 25 феврал дар пайи як амалиёти муштараки Кумитаи амният, Вазорати умури дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дар ҳамкорӣ ба сокинони шаҳри Хоруғ дастгир шудааст.

Мақомот мегӯянд, Анваршо Имроншоев аз чанд соли пеш ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир даст доштааст: “Маълум шуд, ки ӯ яке аз паҳкунандаи асосии маводи мухаддир дар шаҳри Хоруғу гирду атрофи он ба шумор мерафтааст. Вақти азназаргузаронӣ аз манзили истиқоматиаш 61 адад бастачаи коғазӣ бо маводи сахттаъсири навъи героин дарёфту мусодира карда шуд”.

Дар гузориши телевизионие, ки шоми 14 март пахш гардид, "Анвари Хирс" ба гуноҳи худ иқрор шуда, барои кирдорҳои содирнамудааш аз мардуми Бадахшон узрхоҳӣ кард. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Дар ҳақиқат ман маводи мазкурро аз Карим ном, сокини ноҳияи Шуғнон харидорӣ намуда, ба сокинони шаҳри Хоруғ ҳар як донаашоро ба маблағи 10 сомонӣ мефурӯхтам. Ҳар ҳафта ман героинро се маротиба аз Карим мехаридам, аз ман сокинони шаҳри Хоруғ харидорӣ менамуданд”.

Дар ин гузориш таъкид шуд, Имроншоев дар пайи муроҷиати шаҳрвандон, бахусус модарони шаҳри Хоруғ, ки фарзандонашон бо айби ӯ мубталои бемории нашъамандӣ гардидаанд, боздошт шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, алайҳи боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба иттилои манбаъ, танҳо дар соли 2015 дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 45 нафар аз бемории нашъмандӣ ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)