Ҳимояти БАТР аз стратегияи нави "Тоҷиксодиротбонк" дар мулоқот бо Ҷамолиддин Нуралиев

Беҳбуди фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати воломақоми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) будааст.
Бино ба иттилои Бонки миллӣ, дар мулоқоти Нуралиев бо масъулини БАТР, ки охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт, “Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои низомсози кишвар баҳогузорӣ шуда, ҷонибҳо стратегияи нави фаъолияти беҳтари онро баррасӣ кардаанд. Манбаъ мегӯяд, стратегияи нав ба ҷалби сармоягузорони институтсионалии нави хориҷӣ ба сохтори сармояи Тоҷиксодиротбонк нигаронида шудааст. Бар асоси иттилоияи Бонки миллӣ, "масъулини Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, стратегияи нави Тоҷиксодиротбонкро, ки ба таҳкими капитализатсияи бонк, таъмини рушди бештари он, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ равона шудааст, хуш пазируфта, аз он дастгирӣ намуданд".
Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот аз ҷониби БАТР Георгий Орлов, директори Шӯъбаи ташкилотҳои молиявӣ дар Русия, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, Артур Погосян, муовини директор, пешбарандаи тиҷорат дар ташкилотҳои молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ричард Ҷонс, директори намояндагии БАТР дар Тоҷикистон ва ҷониби Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввал ва Сироҷиддин Икромов, муовини раис иштирок кардаанд: “Ҷонибҳо инчунин кушишҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати паст кардани таъсири буҳрони минтақавӣ ба низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд”.
Баҳси стратегияи нави фаъолият ва эҳтимоли ҷалби сармоягузорони нави хориҷӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" дар ҳолест, ки мизоҷони ин бонк аз мушкилоти фаъолияти он шикоят намуда, изҳор медоранд, ки барои гирифтани маблағ аз кортҳояшон вақту нерӯи зиёдро сарф мекунанд. Корафтодагон мегӯянд, дар бисёре аз банкоматҳои “Тоҷиксодиротбонк” пули нақд нест ва барои гирифтани маблағ дар дафтари марказӣ ҳамарӯза навбат меистанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |