Баъди марги пиразан: Даъво алайҳи дояи тоҷик барои хона
Додситонии шаҳри Санкт Петербург алайҳи Шаҳригул Акрамова, шаҳрванди Тоҷикистон, бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тавре расонаҳои Русия аз қавли додситонии Санкт Петербург хабар медиҳанд, дояи тоҷик зани солхӯрдаи беморро нигоҳубин карда, баъди маргаш соҳиби хонаи зисташ шудааст. Манбаъ мегӯяд, соҳибхонаи аслӣ писар низ доштааст, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштааст. Мақомоти тафтишотӣ шарҳ надодаанд, ки писар чӣ гуна оҷиз будааст, аммо дар расонаҳо эълон кардаанд, ки “баъди марги пиразан доя писарро маҷбуран дар хона нигоҳ дошта, пайвандонашро назди ӯ роҳ намедодаст. Доя писари пиразани марҳумро маҷбур кардааст, ки хонаро ба ивази як миллион рубл ба ӯ фурӯшад. Аммо баъди соҳибмулк шудан маблағи хонаро ба писари пиразан пардохт накардаст”.
Ба иттилои расонаҳои русӣ феълан додситонии ноҳияи Калининский барои баргардондани манзили зист ба соҳиби қаблиаш чораандешӣ карда истодааст.
“Озодагон” бо дастрас шудани шарҳи консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт Петербург оиди ин қазия, онро пешниҳоди хонандагон хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |