Бахшҳо

Vimpelcom пас аз моҷарои “Гулнора Каримова” номашро тағйир медиҳад

Ширкати мобилии Vimpelcom Ltd. ният дорад то охири имсол ва ё аввали соли оянда тағйири ном кунад. Ин ширкат чӣ номеро барои худ интихоб хоҳад кард, ҳанӯз дақиқ нест, аммо нашрияи “Ведемости”-и Русия менависад, он бо ин роҳ мехоҳад, аз ҷанҷоли фасодолудагӣ дар Узбакистон раҳо шавад.

Моҳи гузашта VimpelCom Ltd. расман эълон кард, ки барои дарёфти ҳаққи фаъолияти тиҷоратӣ дар Узбакистон ба “як соҳибнуфуз”-и ин кишвар пора додааст. Бино бар иттилои Вазорати адлияи ИМА, VimpelCom Ltd. ва ширкати тобеаш дар Узбакистон – “Unitel” эътироф карданд, ки дар солҳои 2006 то 2012 ба афроди соҳибнуфузи ин кишвар дар маҷмуъ 114 миллион доллар пора додаанд.

Пештар аз ин ширкат гуфта буд, омодааст, фасодкориаш дар Узбакистонро эътироф кунад ва ба мақомоти зидди фасоди ИМА ва Нидерландия дар ҳаҷми 795 миллион доллари ИМА ҷарима пардозад. Соли гузашта баъди ифшои фасодкорӣ дар Узбакистон пулиси Норвегия роҳбари пешини VimpelCom Ltd.-ро ҳабс кард. Баъдан ошкор шуд, ки намояндагиҳои дигари ширкатҳои мобилӣ дар Узбакистон: МТС-и Русия ва TeliaSonera-и Финдландияву Шведсия низ “ба афроди соҳибнуфуз”-и ин кишвар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА мегӯяд, феълан барои мусодираи 850 миллион доллари шаҳрванди соҳибнуфузи Узбакистон, ки дар бонкҳои Швейтсария, Белгия, Люксембург ва Ирландия нигаҳдорӣ мешаванд, ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Хабар дода мешавад, ки соҳиби ин ҳисобҳои бонкӣ духтари калонии президенти Узбакистон Гулнора Каримова аст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)