Навори бозпурсӣ ва боздошти ҷавонзани тоҷик аз сафар: Сазои нафрин ё таҳсин?
Навори дудақиқаинаи бозпурсии ҷавонзани тоҷик, ки ба далели надоштани иҷозатнома, аз сафар ба Дубай боздошта шудаст, миёни корбарони фейсбук баҳси шадид барангехт. Навор хилофи розигии қаҳрамон, зоҳиран дар фурудгоҳ сабт шудааст ва ба интернет чанд моҳ қабл роҳ ёфта буд. Аммо дар пайи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон барои назорати бештари сафари хориҷии шаҳрвандон, охири ҳафтаи гузашта баҳсҳо атрофи ин навор дубора авҷ гирифтанд.
Дар навор марде, ки аз мавқеи мақомот баромад мекунад, ба гуфтаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо нақзи аксари муқаррароти Сарқонун, қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ ҷавонзани тоҷикро мавриди бозпурсӣ қарор медиҳад. “Озодагон” бидуни овардани навор тафсилоти бозпурсии ҷавонзани тоҷикро аз ҷониби “маъмур” бе тағйир пешкаши хонандагон мекунад:
“Маъмур”: Гуш кун духтарак, куҷо рафтаестен, ба кадом шаҳр?
Ҷавонзан: Дубай
“Маъмур”: Мақсади сафаратон ба Дубай дар чиай?
Ҷавонзан: Сабти клип дорам
“Маъмур”: Чӣ кор мекунед, шумо?
Ҷавонзан: Ҳунарманд
“Маъмур”: Чӣ хелӣ ҳунарманд, чӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда доред?
Ҷавонзан: Ҳунарманди хондагӣ, курса хондам, баъд ҳунарманд шудам
“Маъмур”: Иҷозати Вазорати фарҳанг барои дар шаҳри хориҷӣ клип карданатон ку?
Ҷавонзан: Иҷозати Вазорати фарҳанг надорам, фақат сабтҳои худама дорам
“Маъмур”: Шумо бояд иҷозати Вазорати фарҳангро дошта бошед
Ҷавонзан: Ман одам надорам, ки...
“Маъмур”: Фарқ надорад, новобаста аз он, ки шумо доред надоред. Айни ҳол ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои парвоз надоред, ба ҳамин хотир мо шуморо аз хатсайр бозмедорем.
Дар охири навор мард бо таъкиди он, ки ҷавонзанро аз парвоз бозмедорад, аз ӯ пурсид, ки оё суоле дорад. Аммо ҷавонзан изҳор дошт, ки не ва норозиёна, сӯи дастгоҳи наворбардорӣ ишора карда, гуфт, “ака хай ҳамон камератона кушед”. Сабти навор баъди талоши чандбораи ҷавонзан қатъ мегардад.
Ин навор, рӯзҳои истироҳати гузашта ҳамчун корнамоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки як фоҳишаро аз сафар ба хориҷ боздоштаанд, дигарбора дар интернет паҳн шуд ва вокуниши шадиди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ба вуҷуд овард.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин наворро, ки ғайриқонунӣ сабт ва паҳн шудааст, нақзу поймолсозии Сарқонун ва қонунҳои Тоҷикистон, ҳуқуқу озодии инсон, шаъни инсонӣ ва арзишҳои башарӣ унвон карданд. Аммо гуруҳе аз корбарони фейсбук аз ин иқдом ҷонибдорӣ карда, далел овардаанд, ки бисёре аз занони тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳои арабӣ даст ба фоҳишагӣ мезананд. Муаллифону ноширони навор ҳеч далеле барои ҳадафҳои фаҳш доштани қаҳрамони наворро ироа накардаанд ва ба гуфтаи шореҳон ин амалашон хилофи меъёри эҳтимолияти бегуноҳӣ аст, ки Сарқонун кафолат додаст.
Бисёре аз шореҳон дар фейсбук дар пасманзари қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот барои назорати бештари сафарҳои хориҷии шаҳрвандон, аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки тоҷикистониён, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик метавонанд мавриди бозпурсиҳои таҳқиромезу пулситониҳои беасос қарор гиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |