Оғози размоиш бо десант ва бомбафканҳои Русия дар Тоҷикистон
Марҳилаи асосии машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Русия дар тамрингоҳҳои "Лоҳур", "Момирак", "Ҳарбмайдон" ва "Ҳалқаёр" рӯзи душанбеи 14 март оғоз меёбад.
Дар ин бора Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи ҳавзаи марказии низомии Русия бо пахши як иттилоия хабар дода, афзудааст, зимни машқҳои муштарак аз ҷониби ҳайати фармондеҳӣ василаҳои муосири табодули иттилоъ, аз ҷумла бо маркази миллии мудофиавии Русия истифода мешаванд: “Инчунин тағйири ҷойи нуқтаҳои фармондеҳии асосӣ ва эҳтиётӣ амалӣ мегардад”.
Дар маҷмӯъ, ба размоишҳои низомӣ ҳудуди 50 ҳазор афсару сарбоз, аз ҷумла аз воҳидҳои махсусу десант, 950 техникаи зиреҳпӯшу артиллерия ва беш 30 ҳавопаймо ва чархболи низомӣ, бо шумули тайёраи бомбандози мушакбари Ту-22М3 ҷалб шудаанд. Дар назар аст, ки размоишҳо то 20-уми март идома ёбанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |